Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад

Октябрь 21, 2026 15:05

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябр дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши геология дар рушди саноати мамлакат» конфронси байналмилалии илмию амалӣ ва Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ«Ховар» аз ин  саридора хабар доданд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии нақши геология дар рушди саноати мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ мебошад. Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои истифодаи барномаҳои рақамӣ дар корҳои геологию иктишофӣ, моделсозии сеченакаи конҳо, баҳодиҳии захираҳои канданиҳои фоиданок ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар конфронс тақрибан 200 намояндаи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, корхонаҳои соҳаи кӯҳӣ ва мутахассисони дохилию хориҷӣ аз 9 давлат – Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озорбойҷон ва мизбон – Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар доираи конфронс меҳмонон бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мегарданд. Ҳамзамон ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.

Баргузории ин чорабинии байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам, таҳкими робитаҳои касбӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи геологияи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 21, 2026 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид