Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд

Октябрь 1, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 239 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Куҳансолтарин нафақагирон ду сокини мамлакат мебошанд, ки 113 сол дошта, дар  шаҳри Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд. Нафақагирони аз садсола боло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар, вилояти Суғд- 37 нафар, вилояти Хатлон- 103 нафар, шаҳри Душанбе- 13 нафар ва  дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин нафарон ҳар сол кумакпулиҳо расонида мешаванд.

Шумораи нафақагирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли равон 893 049 нафарро ташкил медиҳад.

Аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, ба хусус насли калонсоли мамлакат бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз соли 2020 то инҷониб, яъне дар шаш соли охир дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи шаҳрвандон шаш маротиба зиёд гардид. Ба таври муқоиса, агар соли 2020  андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 320 сомониро ташкил медод, соли 2025 ба 515 сомонӣ баробар гардид. Яъне, дар ин муддат  андозаи миёнаи нафақаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Азия-Плюс

 

Октябрь 1, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд