Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд

Октябрь 10, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Узбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, масъалаҳои тасдиқи ҳаҷмҳои иҷозатдодашудаи обгирии кишварҳо ва реҷаи пешбинишудаи кори силсилаи обанборҳо барои давраи байни мавсимҳои нашъунамои солҳои 2026-2027, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои сарварони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба масъалаҳои такмили баҳисобгирӣ ва мониторинги захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин замина ҷонибҳо барои баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи амалӣ намудани низоми худкори баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир ба мувофиқа расиданд.

Ҷаласаи навбатии 96-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ дар семоҳаи якуми соли 2027 дар Узбекистон баргузор мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 10, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад