Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад

Октябрь 21, 2026 15:12

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар  вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар иртибот  ба ин байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи саноати металлҳои рангаи Чин ва ширкати «Тибет — Эверест» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои таъсиси парки саноатии металлургияи ранга дар вилояти Суғд ба имзо расид.

Санад дар доираи сафари Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳамкорӣ ба рушди коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, маҳаллигардонии истеҳсолот, таъсиси ҷойи нави кор ва тавсеаи иқтидори содиротии кишвар равона гардидааст.

Татбиқи ин ташаббус ба ноил шудан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Имзои ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар самти татбиқи тавофуқҳои сарони ду давлат, таҳкими ҳамкории саноатию сармоягузорӣ ва мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад. Ин санад самтҳои асосии ҳамкорӣ, рушди коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, маҳаллигардонии истеҳсолот ва тавсеаи иқтидори содиротиро дар бар мегирад.

      АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2026 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад