ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд

Октябрь 3, 2026 11:25

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Муъминобод  маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид. Ба 52 нафар ҷавононе, ки даври махсуси ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардидааст.

Имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромии мамлакат ҷавонон бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран азми хизмат ба Ватанро мекунанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстию миллатдӯстиро бо ҳифзи марзу буми Ватан тавъам дониста, чунин изҳор медоранд: «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст- аз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Зимни ҷамъомад падару модарон ва ҷавонон ба саҳна баромада, ба Пешвои миллат барои фароҳам овардани шароити мусоид дар қисмҳои низомӣ изҳори сипос карданд. Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 3, 2026 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд