Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад

Октябрь 7, 2026 13:10

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 октябр  дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон барномаи фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин барномаи консертӣ ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди суруду рақсҳои ҷолиб фарҳанги миллиро намоиш медиҳанд. Инчунин кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва хӯрокҳои миллии худро пешниҳод менамоянд.

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон василаи муҳими рушди иқтисодӣ ва муаррифии фарҳангу сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон бештар гардад. Инчунин либосҳои миллӣ, санъати сӯзанидӯзӣ ва асбобҳои мусиқӣ низ пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

 

Октябрь 7, 2026 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд