Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзуи «Ҳамкории ҷавонон барои ояндаи устувор: об, пиряхҳо ва иқлим» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ намояндаи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, коршиносони соҳа ва намояндагони ҷавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон, Русия ва Беларус иштирок намуданд.
Ҳамоиш ба таҳкими ҳамкории байналмилалии ҷавонон, табодули таҷриба ва баррасии саҳми онҳо дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим равона гардид. Дар меҳвари муҳокимаҳо фаъолияти ташкилоти ҷавонон, рушди робитаҳо байни кишварҳо ва иштироки ҷавонон дар ташаббусҳои марбут ба рушди устувор қарор доштанд.
Бахши илмии ҳамоиш масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, таҳқиқоти илмӣ, идоракунии захираҳои об ва таъсири тағйирёбии иқлимро фаро гирифт. Иштирокчиён таҷрибаи давлатҳояшонро оид ба ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои соҳаи об, фаъолияти таҳқиқотӣ ва ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин имконияти таъсиси платформаи ҷавонон доир ба масъалаҳои обу иқлим, идоракунии захираҳои об бо иштироки ҷомеа ва рушди ҳамкории ҷавонон дар самтҳои мушаххаси экологӣ баррасӣ карда шуданд. Табодули таҷриба дар ин самтҳо яке аз бахшҳои асосии барномаи форумро ташкил дод.
Фаъолияти волонтёрӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ низ аз мавзуъҳои муҳими ҳамоиш буд. Дар ин замина таҷрибаи клуби «Волонтёрони экологӣ» дар ташаккули фарҳанги экологӣ ва ободонии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид.
Форум барои табодули андешаҳо, муаррифии таҷрибаи кишварҳо ва баррасии самтҳои ҳамкории ҷавонон дар масъалаҳои об, пиряхҳо ва иқлим майдони муколама фароҳам овард.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






