ХИЗМАТ БА ВАТАН–ШАРАФИ ҶАВОНМАРДӢ. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид.
Ин маърака тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд, гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ – назариявии гузаштагон аҳамияти хосса пайдо намудааст. Вазифаи ҳар пажуҳишгари соҳаи илми ҳарбӣ аст, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёташонро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.
Дар шароити имрӯза вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони қавииродаи ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида барои ҳифзу ҳимояи Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардад.
Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд
Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид






