Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид

Октябрь 31, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҷилди панҷуми китоб рӯйдодҳои таърихиро аз замони таъсиси шоҳаншоҳии Сосониён то замони таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон -Тоҳириён ва Саффориён дар Хуросони Бузург фаро мегирад.

Дар нигориши китоб аз ҷониби муаллифон 289 сарчашмаи таърихӣ, 332 монографияи илмӣ, 283 мақолаи илмӣ, 132 адабиёт ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ истифода шудааст.

Дар чорабинӣ иштирокдорон аз ҷанбаҳои мухталифи масоили таърихии дар китоб инъикосёфта сухан карда, нашри чунин асари академиро туҳфаи арзанда дар Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) маҳсуб донистанд.

         АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Октябрь 31, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд