Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад

Октябрь 12, 2026 12:08

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари ҳайати шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Чиндао, Сямэн, музофоти Хайнан ва шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири густариши амалии ҳамкории бародаршаҳрӣ дар самти сайёҳӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Сафари мазкур дар доираи рушди ҳамкории бародаршаҳрӣ ва таҳкими робитаҳои соҳавӣ амалӣ гардида, ба густариши муносибатҳои сайёҳӣ, табодули таҷриба ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои татбиқи ташаббусҳои муштарак равона шудааст.

Дар марҳилаи аввали сафари корӣ аз 8 то 10 октябр ҳайати шаҳри Душанбе дар шаҳри Чиндао қарор дошта, бо таҷрибаи ин шаҳр дар самти рушди сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконияти инфрасохтори муосир, ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ шинос гардиданд.

Дар доираи сафар 9 октябр вохӯрии ҳайати шаҳри Душанбе бо роҳбарияти департаментҳои робитаҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Чиндао доир гардид. Ҳамзамон дар вохӯрӣ намояндагони ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои соҳавии шаҳри Чиндао иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни ширкатҳои сайёҳии Душанбе ва Чиндао, таҳияи хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ ва ташкили табодули гурӯҳҳои сайёҳӣ, истифодаи имконияти рақамӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи зарфияти сайёҳӣ, омодасозии кадрҳо дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар толори Департаменти сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Чиндао намоиши аксҳои Душанбе, ки фарогири инъикоси иқтидори сайёҳии пойтахти кишвар мебошанд, ташкил карда шуд ва давоми 10 рӯз идома хоҳад ёфт.

Дар доираи барномаи шиносоӣ намояндагони шаҳри Душанбе аз якчанд  мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Чиндао, аз ҷумла кӯҳи Сяоюйшан («Кӯҳи Моҳии Хурд»), Осорхонаи обҳои ташнагишикани «Чиндао», Маркази Ҳайтян, Маркази олимпии қаиқронии бодбонии шаҳри Чиндао, Маркази байналмилалии конфронсҳои шаҳри Чиндао боздид ба амал оварданд.

Кӯҳи Сяоюйшан бо манзараи панорамии шаҳр, соҳили баҳри Зард ва муҳити сабзу ороми худ аз мавзеъҳои маъруфи тамошобоби Чиндао ба шумор меравад. Шиносоӣ бо ин мавзеъ имконият дод, ки таҷрибаи истифодаи фазои табиӣ ва боғҳои шаҳрӣ барои рушди сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати меҳмонон мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ҳамчунин ҳайат бо Осорхонаи обҳои ташнагишикани «Чиндао» шинос шуда, бо таърихи ташаккул ва рушди бренди маъруфи «Tsingtao», таҷҳизоти таърихӣ ва хусусияти муаррифии мероси саноатӣ ҳамчун маҳсулоти сайёҳӣ шинос гардид. Таҷрибаи мазкур намунаи истифодаи таърихи истеҳсолот ва бренди маҳаллӣ барои ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳии саноатӣ буда, тибқи иттилоъ ҳамасола аз он 2,5 миллион сайёҳ боздид менамояд.

Дар идомаи шиносоӣ ҳайат аз Маркази Ҳайтян, яке аз баландтарин иншооти меъмории шаҳри Чиндао бо баландии 369 метр дидан намуд. Ин маҷмааи муосир бо имконияти тамошои манзараи панорамии шаҳр ва соҳили баҳр аз ҷумлаи мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии шаҳр ба ҳисоб меравад. Шиносоӣ бо таҷрибаи истифодаи иншооти баландошёна барои ташкили нуқтаҳои тамошо ва ҷалби меҳмонон аҳамияти хосса дошт.

Дар баробари ин, ҳайат аз Маркази олимпии қаиқронии бодбонии шаҳри Чиндао боздид намуда, бо имконоти рушди сайёҳии варзишӣ, баҳрӣ ва фароғатӣ шинос гардид. Маркази мазкур соли 2008 мизбони мусобиқаҳои қаиқронии бодбонии Бозиҳои олимпӣ гардида, имрӯз яке аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳии шаҳр маҳсуб мешавад.

Намояндагони шаҳри Душанбе ҳамзамон бо Маркази байналмилалии конфронсҳои шаҳри Чиндао шинос шуданд. Дар ин марказ соли 2018 ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд. Зимни боздид ҳайат бо толори махсуси баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои созмон шинос шуданд. Таҷрибаи марказ дар самти ташкили чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ барои омӯзиши имкониятҳои рушди сайёҳии корӣ, тагзими форуму конфронсҳои байналмилалӣ ва муаррифии шаҳр ҳамчун макони баргузории ҳамоишҳои муҳим ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳрҳои дигари Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба хусус шаҳрҳои Сямэн, Ченду ва Хайнан баргузории вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои соҳавӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикон, инчунин омӯзиши таҷрибаи онҳо дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ ва тарғиби маҳсулоти сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи барномаи сафар ҳамзамон муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе, аз ҷумла тавассути намоиши аксҳои пойтахт, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир, имконияти фароғатӣ ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар назар аст.

АКС: Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

Октябрь 12, 2026 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд