Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд

Октябрь 7, 2026 11:54

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя—2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои 20-уми Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар Ҷопон баргузор гардиданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи муҳими қитъавӣ дар маҷмуъ соҳиби 16 медал — 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ гардида, дар ҷадвали умумии медалҳо мақоми 22-юмро касб намуданд.

Медалҳои Тоҷикистон аз рӯи намудҳои варзиш:

-Муҳорибаҳои омехта — 2 тилло ва 1 нуқра;

-Кураш — 2 нуқра ва 1 биринҷӣ;

-Ҷудо — 1 нуқра ва 3 биринҷӣ;

-Гӯштини тарзи озод — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ;

-Бокс — 2 биринҷӣ;

-Каратэ-до — 1 биринҷӣ.

Ин натиҷа аз рӯи шумораи умумии медалҳо беҳтарин нишондиҳандаи Тоҷикистон дар таърихи иштироки мамлакат дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад. Дастовардҳои варзишгарони тоҷик туҳфаи арзанда ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои насли ҷавон намунаи талош, ирода, интизом ва ватандӯстӣ мебошад. Дар паси ҳар медал заҳмати варзишгар, роҳнамоии мураббӣ ва дастгирии наздикон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026  Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқа медали тилло гирифтаанд, 150 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ба варзишгароне, ки ҷойи дуюмро гирифтаанд,  100 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Инчунин ба варзишгароне, ки ҷойи сеюмро ба даст оварданд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 7, 2026 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд