Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад

Октябрь 12, 2026 15:59

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм» таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносии Суғди қадиму Тоҷикистон дар омӯзиши Панҷакенти қадим» конференсияи илмӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Конференсия ба 80-солагии оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим бахшида шуда, ҳадафи он баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, саҳми олимону муҳаққиқон дар омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон ва муайян намудани аҳаммияти бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Панҷакенти қадим яке аз ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бозёфтҳои он дар омӯзиши таърихи шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ, санъат, эътиқод ва зиндагии иҷтимоии сокинони Суғди бостон аҳаммияти хос доранд.

Баргузории конференсия барои таҳлилу баррасии дастовардҳои бостоншиносӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва тақвияти корҳои таҳқиқотию тарғиботӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Омӯзиши ин ёдгории таърихӣ барои шинохти таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҳунар ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ниёгони тоҷикон аҳамияти бузург дорад.

Экспедитсияи бостоншиносии Суғди қадиму Тоҷикистон дар омӯзиш ва муаррифии Панҷакенти қадим саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ин экспедитсия, ки соли 1945 ташкил гардида, аз соли 1946 ба ҳафриёт ва таҳқиқи Панҷакенти қадим оғоз намуд, марҳилаи муҳим дар рушди илми бостоншиносии тоҷик маҳсуб мешавад.

Яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти бостоншиносии Панҷакенти қадим омӯзиши деворнигораҳои он мебошад. Ин осор дар бораи ҷаҳонбинӣ, анъанаҳо, ҳунар, эътиқод ва зиндагии мардуми Суғд маълумоти арзишманд медиҳанд.

Омӯзиши Панҷакенти қадим барои барқарорсозии саҳифаҳои таърихи ниёгон ва ҳифзи мероси фарҳангӣ аҳамияти хос дорад. Бозёфтҳои ин ёдгорӣ на танҳо арзиши илмӣ доранд, балки барои муаррифии тамаддуни Суғд ва фарҳанги бостонии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ муҳиманд.

Имрӯз низ Панҷакенти қадим ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши таърихи халқи тоҷик таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ҷалб мекунад. Омӯзиш, ҳифз ва муаррифии чунин ёдгориҳо барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани арзишҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 12, 2026 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид