Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /МИТ «Ховар»/. Иқтисоди Тоҷикистон соли 2026 ба андозаи 7,3 фоиз ва соли 2027 ба андозаи 6,8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Чунин пешбинӣ дар «Таҳлили рушди Осиё» (Economic Forecasts for Asia and The Pacific) — и Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) оварда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин арзёбиҳо бо пешгӯии апрелии Бонки Осиёии Рушд мувофиқат мекунанд. Он замон бонк интизор буд, ки пас аз 8,4 фоизи афзоиш дар соли 2025 суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон то андозае суст шуда, вале баланд боқӣ мемонад.
Ба ақидаи иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд, рушди иқтисодиёт дар сатҳи 7 фоиз яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар байни кишварҳои рӯ ба рушд дар ҷаҳон ҳисобида мешавад. Тибқи ояндабинии Бонки Осиёии Рушд, Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2026 ба андозаи 7,3 фоиз ва соли 2027 ба андозаи 6,8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото тазаккур дод, ки «рушди баланди иқтисодии Тоҷикистон барои таъсиси босуръати ҷойи нави кор имконият фароҳам меорад. Бо рушди соҳаҳои рақобатпазир ва сердаромад, аз саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ то истеҳсоли маҳсулоти минералӣ кишвар метавонад рушди иқтисодиро ба шумораи бештари ҷойҳои кории босифат табдил диҳад, ки ин афзалияти асосии Стратегияи шарикии мо бо Тоҷикистон мебошад».
Коршиносони Бонки Осиёии Рушд чор соҳаро ҳамчун муҳаррикони асосии рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ном мебаранд, ки инҳо энергетика, нақлиёт ва логистика, саноат ва хизматрасонӣ мебошанд. Баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, долонҳои нақлиётиро фаъолона рушд медиҳанд, ки ба маркази транзитӣ байни Шарқ ва Ғарб табдил меёбад.
Бонки Осиёии Рушд лоиҳаҳои беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётро дастгирӣ мекунад. Ин хароҷоти логистикиро коҳиш дода, тиҷорати хориҷиро ҳавасманд месозад ва сармоягузории иловагӣ ҷалб менамояд. Рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ ва рақамисозии равандҳо, масалан, сода кардани расмиёти сарҳадӣ самаранокиро баланд мебардорад ва имконияти нави ҳамкории иқтисодӣ фароҳам меорад.
Мутобиқи «Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026-2030», Бонки Осиёии Рушд ба нақша гирифтааст, ки ба инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон, ба хусус дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) сармоягузорӣ кунад. Ин, аз ҷумла такмил додани роҳҳо ва ташкили долонҳои логистикиро дар бар мегирад.
Баъзе лоиҳаҳое, ки аллакай бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд, таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе-Бохтар», бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод», сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Хулбук- Темурмалик-Кангурт» ва «Бохтар-Данғара-Гулистон», барқарорсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз Оқмазор то Бохтар дар вилояти Хатлон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар давраи солҳои 2026-2028 Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла барои навсозии инфрасохтор тақрибан 1,1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо менамояд. Бонки Осиёии Рушд бонки пешрафтаи бисёрҷониба мебошад, ки рушди фарогир, тобовар ва устуворро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад. Дар ҷараёни кор бо кишварҳо ва шарикон барои ҳалли мушкилоти ҳамаҷонибаи рушд Бонки Осиёии Рушд воситаҳои инноватсионии молиявӣ ва шарикии стратегиро барои тағйир додани ҳаёти одамон, эҷоди инфрасохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад. Бонки Осиёии Рушд соли 1966 таъсис ёфта, ба 69 кишвар тааллуқ дорад, ки 50 давлати он дар минтақа ҷойгир мебошанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






