Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд

Октябрь 29, 2026 13:17

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода  бо вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти корҳои таъмирию барқарорсозии иншооти обёрӣ дар  хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод  шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод.

Сулаймон Зиёзода бо  рафти ҳосилнокии боғи суперинтенсивии Кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш» ва  корҳои таъмирию  вазъи омодагии пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1»  шинос шуд.   Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки истифодаи усулҳои муосири боғдорӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар парвариши дарахтони мевадиҳанда барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва афзоиши даромаднокии хоҷагиҳо аҳаммияти муҳим дорад.

Инчунин ба масъалаҳои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои таъмирӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ дар таъмини оби полезӣ барои заминҳои кишоварзӣ, пешгирии талафоти об ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад.

Ба масъулони соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва риояи талаботи техникӣ ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Дар идомаи боздид гурӯҳи корӣ дар  хоҷагии шолипарварии «Ҳусенота» бо вазъи ҷамъоварӣ ва коркарди шолӣ ва рафти корҳои мавсимии хоҷагӣ шинос шуд.

Ҳамзамон ҳайати корӣ бо  рафти чиниши мошинии пахта дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Ҳоҷираҳимбой» шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба раванди ҷамъоварии ҳосили пахта бо истифода аз техникаи кишоварзӣ, ташкили дурусти корҳои саҳроӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми боздид гурӯҳи корӣ аз корхонаи пахтатозакунии «Кони ганҷ» дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва раванди қабулу коркарди пахтаи ҷамъоваришуда шинос гардид. Зимни боздид масъалаҳои ташкили саривақтии қабули ашёи хом, риояи талаботи сифат ҳангоми коркарди пахта, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, пардохти саривақтии маблағи пахтаи қабулгардида ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхона бо хоҷагиҳои пахтакор мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, боздиди кории гурӯҳ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, пойгоҳи обкашӣ ва корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Зафаробод ба омӯзиши вазъи воқеии соҳа, муайян намудани масъалаҳои мавҷуда ва роҳнамоии масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ равона гардид.

Боздиди мазкур дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замину об баргузор гардида, барои баррасӣ масъалаҳои мубрами соҳа ва муайян намудани роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳо замина фароҳам овард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Октябрь 29, 2026 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст