Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид

Октябрь 1, 2026 18:10

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона гардида, чун анъана, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.

Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ гувоҳӣ медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагон паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон доданд, ки ба давлату миллат содиқ ҳастанд. Имсол дар даъвати тиромоҳӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст.

Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Октябрь 1, 2026 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд