«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Намакдони миллат кафи дасти ӯст!» китоби Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид. Дар рӯнамоии китоб намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, зиёиён ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоб бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст.
Дар рӯнамоӣ таъкид гардид, ки ҳар асари наве, ки аз нигоҳи бадеӣ ва муҳаббати ватандӯстӣ сарчашма мегирад, саҳифаи наверо дар таърихи маънавияти мо боз мекунад.
Китобе, ки имрӯз муаррифӣ гардид, маҳсули андеша ва илҳоми шоиронаест, ки ба бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди мо- эъмори давлатдории муосири тоҷикон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки муаллиф бо санъати баланди сухан кору пайкори беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳ, созандаи низоми нави давлатдорӣ ва ҳомии фарҳангу маънавияти миллӣ тасвир намудааст. Ин китоби нав на танҳо маҷмуаи шеъру андешаҳои адабӣ, балки нигоҳи бадеӣ ва фалсафӣ ба саҳми бузургу таърихии Пешвои миллат дар эъмори давлатдории муосири тоҷикон мебошад. Китоб туҳфаи арзишманди адабӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки яке аз бахшҳои меҳварии китоб ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст. Давлат Сафар тамоми дастовардҳои миллат ва ташаббусҳои Сарвари давлатро бо риштаи назм тасвир намуда, пешниҳоди хонанда гардонидааст.
Ба андешаи олимон, унвони китоб «Намакдони миллат кафи дасти ӯст!» рамзӣ ва пурмаъно аст. Намак дар фарҳанги тоҷик аз қадим рамзи покию баракат, дӯстӣ, аҳду паймон ва вафодорӣ ба шумор меравад. Ному намак барои милатти мо танҳо як ғизо нест, балки нишонаи эҳтиром ва паймони вафодорӣ мебошад.
Намакдони миллат кафи дасти ӯст,
Шукуҳу ҷалолаш ба мо обрӯст!
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар се китоб барои нашр пешниҳод гардид. Ин китоби аввалин аст, ки рӯнамоӣ гардид, ду китоби дигар «Достони худшиносӣ» ва «Достони Душанбе» мебошанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






