РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд

Октябрь 1, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар вилоят бо руҳияи баланди ватандӯстӣ оғоз гардид.    Ҷавонони бонанги вилоят нахустин шуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ бо масъулияти баланд иҷро намуданд.

Ба таври ихтиёрӣ ҳозир шудани ҷавонон ва дар рӯзи аввали маърака таъмин гардидани нақшаи даъват бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ҷавонони вилоят хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки мактаби шараф, ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Дар ҳамоиш ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

Иброз гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад. Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи пуршарафро тай намуда, имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва кафили ҳифзи марзу буми двлат фаъолият мекунад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Октябрь 1, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид