Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» доир гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз ғолибони чор ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм муайян гардиданд. Ҳамзамон намояндагони 25 шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ бо диплому сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Озмун ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он аз саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат иборат буд. Инчунин он бо мақсади муаррифии дастовардҳои занони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, шаҳрсозӣ ва ободониву созандагӣ, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, дастгирии занону ҷавонон ва дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ доир шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар идоракуни давлатӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳокимияти судӣ, фарҳанг ва фаъолияти соҳибкорӣ иштироки фаъолона доранд ва баробар бо мардум дар созандагии Ватан саҳм мегузоранд. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа шароити мусоид муҳайё намудааст.
«Саҳми маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар инъикоси ҳаёти ҳаррӯзаи занону духтарони мамлакат ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ назарас аст»,-афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки «аз фаъолияти маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 20 сол сипарӣ шудааст. Имрӯз мавқеи ин маҷалла дар рушди нумӯи мамлакат, таҳкими ҳувияти миллӣ, муаррифии занону духтарони муваффақ ва чеҳраҳои нав аз ҳисоби занону духтарон назаррас аст».
Сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода изҳор дошт, ки “рӯзноманигорони маҷалла давоми беш аз ду сол аз тамоми шаҳру деҳот, ноҳияву вилоятҳои мамлакат ва шаҳри Душанбе дидан намуда, оид ба дастовардҳои занони муваффақи ҷумҳурӣ маводи ҷоиб омода ва нашр намуданд. Инчунин кормандони маҷалла ба 65 шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, дар бораи занони деҳот, модарони серфарзанд, солдидагону таҷрибадорони зиндагӣ, омӯзгорону табибон, кишоварзону фарҳангиён ва хизматчиёни давлатӣ гузоришу мақолаҳои таҳлилӣ нашр намуданд”.
Баргузории озмун ба занони дигар, махсусан ба духтарони ҷавон илҳом мебахшад, то онҳо низ соҳибилм ва соҳибкасб гарданд. Ин озмун нишон медиҳад, ки зани тоҷик дар замони муосир метавонад ҳам модари ғамхору зани сариштакор бошад ва ҳам дар рушду пешрафти давлату миллат саҳми босазо гузорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






