Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе /иқтидори истеҳсолияш 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал энергияи гармӣ) шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон ду турбинаи марказ фаъолият доранд.
Гуфта шуд, ки омодагии саривақтӣ ба зимистон ва фаъолияти боэътимоди таҷҳизоти марказ барои таъмини эҳтиёҷоти сокинон ва муассисаҳои пойтахт аҳамияти муҳим дорад. Бо фарорасии рӯзҳои сард талабот ба неруи барқ ва гармӣ меафзояд ва ин аз масъулон тақозо менамояд, ки масъалаҳои омодагии марказро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар робита ба ин ба роҳбарияти марказ барои таъмини фаъолияти устувор дар фасли зимистон ва таъмини шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






