Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид

Октябрь 22, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаҳои «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» ва «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» дар маҷмуъ ба маблағи 63,84 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои грантӣ  ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаҳоро 21 октябр дар шаҳри Душанбе Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото имзо намуданд.

Маблағи лоиҳаи «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» 20,57 миллион доллари амрикоӣ  ва лоиҳаи «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» 43,27 миллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» аз таҳкими устувории низоми нафақа, тавсеаи фарогирии иҷтимоӣ тавассути рақамисозӣ, тақвияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ҳалли мушкилоти демографӣ, иқтисодӣ, гендерӣ, ҳамчунин тағйирёбии иқлим иборат аст.

Мақсади асосии лоиҳаи «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» таҳкими иқтидори низоми тандурустии ҷумҳурӣ барои вокуниши саривақтӣ ва муассир ба таҳдидҳои фаромарзӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бемориҳои нави сироятӣ, инчунин баланд бардоштани устуворӣ ва самаранокии соҳа мебошад.

Ҳамзамон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳ барои низоми магистралии энергетикии шаҳри Душанбе» ба маблағи 20,6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе тавассути сохтмони зеристгоҳи нави интиқоли барқи 220 кВ буда, ба ин васила ба рушди заминаи иқтисодӣ ва саноатии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Октябрь 22, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд