Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд

Октябрь 13, 2026 09:17

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид,  хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни машварат  доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории судманди ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд таъкид  кард, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт солҳо ин ҷониб робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардида, ҳузури ширкатҳои австриягии «Фойт Ҳайдро», «Андритс Ҳайдро», «Доппелмайр» ва «АМЕ» дар соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон намунаи ҳамкории муваффақи Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории Аврупо ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 13, 2026 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард