Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид

Октябрь 29, 2026 09:17

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо мақсади таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия, густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ баргузор гардид. Дар он вазирони маорифи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи маориф иштирок намуданд.

Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, эътирофи мутақобилаи диплом ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷалби грантҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот қарор доштанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки маориф яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии ҷавонон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими соҳа мебошанд. Маҳз таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои ташаккули фазои минтақавии маориф, илм ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меоранд. Инчунин муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, нақши иродаи сиёсии роҳбарони ду давлатро дар фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкории судманд таъкид кард.

Раҳим Саидзода пешниҳод намуд, ки барои солҳои 2027-2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва мувофиқа карда шавад. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкорӣ  дар самтҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои муосир, рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид гардид.

Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созанда, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои минтақавии ҳамкорӣ омода буда, чунин иқдомҳо бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимию илмӣ барои ҷавонон равона карда шаванд.

Дар ҷараёни форум дигар иштирокчиён низ оид ба дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф ва илм андешаронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро таъкид карданд.

Дар форум масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик ва таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 29, 2026 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад