ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва 35 соли истиқлол» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Дар конференсия мавзуъҳо оид ба саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ ва аҳамияти забони тоҷикӣ дар ташаккули ҷомеа муҳокима карда шуданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони давлатӣ таҳким ёфта, барои рушди ҳамаҷонибаи он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир бо инобати таҳаввулоти ҷаҳон вазифаи муҳимтарини на танҳо давлат, балки ҳар шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он барои густариши балоғат ва фасоҳати забон хизмат намуда, сохтори онро такмил медиҳад ва инкишофи бонизомро таъмин менамояд.
Забони давлатӣ ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва шинохти миллат дар байни халқу миллатҳои дигари олам аз ҷониби тоҷикон бо ҳисси баланди миллӣ ҳифз карда мешавад. Имрӯз ҳар яки мо масъулем, ки забони тоҷикиро бо салосату фасоҳат ба насли фардо расонем.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






