Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона

Октябрь 13, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  12 октябр дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ, расонаҳо ва коршиносони мустақил иштирок намуданд.

Масъалаҳои асосии ҷаласа бунёди захираи боэътимоди матнҳои

тоҷикӣ барои истифода дар технологияҳои рақамӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳа буданд. Иштирокчиён асосҳои илмии ин кор, талабот ба сифати мавод ва роҳҳои ҳамкории муассисаҳоро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки пайкараи матнии забони тоҷикӣ чун маҷмуаи муназзами матнҳои электронии санҷидашуда барои таҳқиқи забон ва таҳияи барномаҳои тоҷикӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ин захира метавонад дар таҳияи низомҳои санҷиши имло, тарҷумаи худкор ва ёварҳои рақамӣ истифода шавад.

Бунёди пайкараи матнӣ ва ягонасозии истилоҳот заминаи муҳими рушди технологияҳо бо забони тоҷикӣ мебошад. Пешбурди ин кор имкон медиҳад, ки захираи илмӣ ва адабии кишвар дар таҳияи абзорҳои рақамӣ истифода шуда, барои омӯзиш, таҳқиқ ва дастрасӣ ба иттилооту хизматрасониҳо бо забони давлатӣ имконияти бештар фароҳам гардад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 13, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд