Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалии «Нақши фарҳанг ва санъат дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Зимни конференсия иброз, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ робитаҳои бисёрҷонибаи тоҷикон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои гуногуни олам маҷрои нав пайдо карда, андешаи миллии мардум дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ ба ҷодаи рушди фарогир ва беқиёс ворид шуд, ки дар ин росто нақши фарҳангу санъати миллӣ назаррас аст.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ, сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ халқи тоҷикро дар ҷаҳон дубора ҳамчун миллати фарҳангдўст ва тамаддунофар шинохтанду эътироф карданд. Хушбахтона, миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошта тавонист, ки аз ҷавҳари башардӯстонаи тамаддуни ориёӣ ва суннатҳои пурарзиши ниёгонамон ибтидо мегиранд.
Баён гардид, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.
Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро касб намуд. Ин сиёсат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва беғараз мебошад, доираи шарикони хориҷии кишварамонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ҳамзамон муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони истиқлол, бавижа фарҳанг ва санъати миллиамон заминаи мусоид фароҳам овард.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






