Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Октябрь 20, 2026 10:25

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Санад дар доираи рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот, илм ва сайёҳӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, рушди ҳамкории таълимӣ ва густариши муносибатҳои судманд байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба имзо расидааст. Санади мазкур заминаи ҳуқуқию ташкилии ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро дар асоси принсипҳои ҳамкории мутақобили судманд, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва риояи қонунгузории амалкунандаи ҳар ду кишвар фароҳам меорад.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории байналмилалии Академияи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар раванди таълиму тарбия аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамкории минбаъда бо Донишгоҳи Тарту имкон фароҳам меорад, ки робитаҳои илмӣ ва таълимӣ тақвият ёфта, барои омӯзгорон ва донишҷӯён имконияти нави рушди касбӣ ва академӣ фароҳам оварда шаванд.

Иқдом инчунин метавонад ба таҳкими заминаи ҳамкории муштарак дар самти рушди илми сайёҳӣ, идоракунии сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони соҳа мусоидат намояд.

      АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Октябрь 20, 2026 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид