Дар бораи Маркази матбуотӣ
АМИТ «Ховар» масъули ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба ВАО мебошад.
Ҳамасола дар моҳҳои январ ва июл вазорату идораҳо, инчунин ташкилоту муассисаҳои воқеъ дар шаҳри Душанбе нишастҳои матбуотии худро доир ба натиҷаҳои фаъолияти солона ва нимсола доир менамоянд.
Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, масъулини вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилоте, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 доир мешаванд.
Масъули маркази матбуотӣ — Раъно НУСРАТУЛЛО.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.