ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июни соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи пиряхи бузургтарини Помир Ванҷях ба Тоҷикистон иваз карда шуд. Пеш аз ин, то соли 2023 пирях ба номи Федченко маълум буд ва солҳои 2023–2026 пирях Ванҷях номгузорӣ шуда буд.
Тағйири номи пирях як қисми сиёсати пайдарпай дар самти номгузории топонимҳо ва тасдиқи назорат бар объектҳои табиии стратегӣ мебошад. Дар шароити гармшавии ҷаҳонӣ пиряхҳо аҳамияти захираи экологию обиро касб менамоянд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эълони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» нақши ҷумҳуриро дар омӯзишу нигоҳдории криосфера баланд мебардорад.
Аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ
Номгузории бузургтарин пиряхи мамлакат ба Тоҷикистон танҳо як тағйири топонимӣ нест. Ин иқдом таҷассумгари эҳтиром ба табиат, таърихи миллӣ ва саҳми Тоҷикистон дар омӯзишу ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои асосии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо шинохта мешавад. Маҳз дар ҳамин замина омӯзиши пиряхи Тоҷикистон бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад.
Таърихи кашфиёт
Минтақаи пиряхи Тоҷикистон, ки муддати тӯлонӣ минтақаи камомӯхташудаи харитаҳои Помир буд, бузургтарин гӯшаи яхбандии Осиёи Марказӣ мебошад. Таҳқиқотчии рус-энтомолог (ҳашаротшинос) Василий Ошанин пиряхи собиқ Федченкоро соли 1878 кашф карда буд. Ӯ на географ ва на пиряхшинос буд. Баъдтар ба шарафи пиряхшинос Алексей Федченко номгузорӣ шуд.
Мувофиқи маълумоти таҳқиқоти таърихӣ, дар давраи яхбандии Лахш дарозии пирях қариб 170 километрро ташкил медод. Имрӯз дарозии он 77 километр мебошад ва кӯтоҳшавӣ идома дорад.
Асри тиллоӣ ва фаромӯшӣ
Соли 1928 зимни экспедитсияи шуравӣ-олмонӣ таҳти роҳбарии Николай Горбунов пирях пурра омӯхта шуда, аввалин харитаи муфассал тартиб дода шуда буд.
Солҳои 1932–1933 дар баландии 4200 метр пойгоҳи гидрометеорологии ба номи академик Николай Горбунов, ки масоҳаташ 136 м² буд, сохта шуд. Пойгоҳ 7 августи соли 1933 кушода шуд, ки асоси мушоҳидаҳои систематии метеорологӣ, гидрологӣ ва пиряхшиносиро дар Помир гузошт. Истгоҳ баландтарин дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ва рамзи илми кӯҳнавардии шуравӣ шуд.
Солҳои 1960–1980 солҳои назорати мунтазам, омӯзиши динамикаи пирях, тавозуни пирях, ҷараёни об ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, соли 1994 мушоҳидаҳои статсионарӣ қатъ шуданд ва пойгоҳ баста шуд.
Давраи муосир
Пойгоҳи Горбунов ҳамчун объекти таърихии калидӣ — рамзи устуворӣ ва рушди илми кӯҳнавардии тоҷикӣ (ва шуравӣ) боқӣ мемонад. Он зиёда аз 60 сол фаъолият карда, дар омӯзиши иқлим, гидрология ва пиряхшиносии Осиёи Марказӣ саҳми бузург гузошт.
Пас аз таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2022 нақшаи омӯзиши пиряхи собиқ Федченко тарҳрезӣ шуд. Хатсайр омӯхта шуда, экспедитсияҳо гузаронида шуданд. Экспедитсияҳои соли 2023 нишон доданд, ки пойгоҳи Горбунов тамоман корношоям аст. Бояд роҳҳои дигари омӯзиши пиряхҳо муайян карда шаванд. Бо чархбол ба баланди 5000 метр рафтан ғайриимкон аст ва соли 2024 таҳқиқоти аввалин дар пирях гузаронида шуданд. Баландии 4200 метр фатҳ карда шуда, дар ин баландӣ истгоҳҳои худкор насб карда шуданд.
Соли 2025 дар ин пирях экспедитсияи байналмилалӣ ташкил карда шуд, ки ба он намояндагони Тоҷикистон, Олмон ва Фаронса дохил буданд. Ба иштирокчиёни экспедитсия муяссар шуд, ки се пойгоҳи худкори метеорологӣ ва пиряхшиносӣ дар баландиҳои 4500, 4800 ва 5280 метр насб намоянд. Ин имкон дод, ки назорати пайваста дар вақти воқеӣ гузаронида шавад.
Баъд аз соли 1994 соли 2022 якумин маротиба таҳқиқот гузаронида шуд, ки то соли 2025 идома ёфт. Экспедитсияи соли 2025 тақрибан 40 рӯз давом кард. Таҳқиқотчиён дар баландиҳои аз 4000 то 5500 метр аз сатҳи баҳр, дар шароити камии оксиген, хунукии сахт ва релефи душвори баландкӯҳ кор карданд. Давоми экспедитсия се истгоҳи худкори метеорологӣ ва пиряхшиносӣ дар баландиҳои 4500, 4800 ва 5280 метр насб карда шуд.

Таҳқиқоти омӯзиши қабатҳои барфу ях барои арзёбии ҳаҷму сохтори онҳо гузаронида шуда, намунаҳои беназири барфу ях барои таҳлилҳои изотопӣ ва химиявӣ гирифта шуданд, ки имкон медиҳанд таърихи иқлимро дар даҳсолаҳои охир барқарор кунанд.
Интиқоли таҷҳизоти вазнин ба баландии зиёда аз 5000 метр танҳо бо қувваи одамон амалӣ карда шуд. Кӯҳнавардони маҳаллӣ борҳо олимонро ба ҷойҳои таъйиншуда бурда расониданд.
Мо на танҳо таҷҳизот насб кардем, балки дар таърихи пиряхшиносӣ дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саҳифаи нав кушодем. Пиряхи Тоҷикистон монанди китобест, ки саҳифаҳои он ҳар сол ба обшавӣ дучор мешаванд ва мо бояд пеш аз нобуд шуданаш онро хонем. Сохтани пойгоҳҳои баландкӯҳ дар чунин шароит аллакай ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ баробар мешавад.
Пиряхи Тоҷикистон — бузургтарин пиряхи кӯҳии сайёра
Пиряхи Тоҷикистон на танҳо бузургтарин пиряхи Помир аст, он бузургтарин пиряхи кӯҳии сайёра берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Дар байни пиряхҳои Евразия аз он танҳо Сиачен ва Балтороии Қарақорум аз рӯи масоҳат пеш мегузоранд.
Пиряхи Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помири Шимолу Ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Дар минтақаи ин пиряхи қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои баландтарини ҷумҳурӣ қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр), қаторкӯҳи Язгулом бо қуллаи Инқилоб (6974 метр), Гармо (6595 метр) ҷойгиранд. Амплитудаи максималии тағйири баландиҳо ба 4,6 ҳазор метр мерасад.
Дар умум ба системаи пиряхи Тоҷикистон 100 пирях дохил мешавад, ки 26-тои он шохоби пиряхи асосӣ мебошанд. Аз пиряхи Тоҷикистон дарёи Селдора ҷорист, ки бо дарёҳои Баландкиик ва Сауксай якҷоя шуда, дарёи Муксу — сарчашмаи Вахшро ташкил медиҳад.
Масоҳати пиряхи Тоҷикистон бо ҳама шохобҳо 681,7 км² ва дарозии калонтаринаш 77 километрро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои шохобҳои пирях ба баландии 6280 метр мерасанд, дар ҳоле ки қисми забонаш то 2910 метр паст мешавад. Ғафсии қабати ях дар баъзе қитъаҳо ба 1000 метр мерасад, ҳаҷми яхаш қариб 130 км³ аст.
Рақамҳое, ки моро бояд нигарон кунанд
Таҳлили аксҳои моҳвораӣ давоми 88 сол — аз соли 1933 то 2021 чунин нишон дод: забонаи пирях дар давраи солҳои 1933–2021 ба масофаи 1555 метр ақибнишинӣ кардааст. Пирях масоҳати 4,5 километри мураббаъро аз даст додааст. Дар даҳсолаи охир суръати ақибнишинӣ ба 32 метр дар як сол расидааст, ки ин ҳадди ақалл барои тамоми давраи мушоҳидаҳо мебошад. Ғафсии забонаи пирях соли 1979 аз 40–45 метр тақрибан ду баробар ва соли 1998 то 20–25 метр коҳиш ёфтааст.
Сатҳи пирях ба таври нобаробар дучори таназзул гардидааст. Дар минтақаи забон дар баландии 2900 метр он 95 метр паст шудааст. Дар баландии 5000 метр танҳо 10 метр. Фарқият даҳ баробар аст.
Яке аз саҳифаҳои фоҷеаноки таърихи пиряхи Тоҷикистон ҷудо шудани он аз дигар пиряхҳо мебошад. Ҳанӯз аввали асри XX онҳо қисми системаи яхии ягона буданд. Имрӯз пиряхҳои мустақил ба чандин километр дуртар ақибнишинӣ кардаанд.
Иқлим чӣ мегӯяд?
Таҳлили маълумоти ҳароратии NASA дар чор даҳсола (1982–2021) далелҳои раднопазир медиҳад. Ҳарорати миёнаи моҳҳои давраи сард — декабр, январ, феврал дар ду даҳсолаи охир ба таври назаррас боло рафтааст. Саҳми гармшавии зимистонӣ дар баланси умумӣ хеле назаррас аст. Боришот низ тағйир меёбанд. Миқдори онҳо аз моҳи июн то октябр кам шуда истодааст. Иқлим болои пиряхи Тоҷикистон дар он даврае, ки пирях хусусан осебпазир аст, гармтару хушк мешавад.
Ин барои ҳар яки мо муҳим аст
Пиряхи Тоҷикистон на танҳо объект, он ифтихору таваҷҷуҳи илмӣ аст. Пирях захираи стратегии оби тоза ва сарчашмаи ғизои дарёҳое, ки ба Амударё мерезанд, мебошад. Ин нишондиҳандаи тағйироти иқлимӣ аст, ки рад кардани он ғайриимкон аст.
Пешгӯиҳои олимон хушбинона нестанд. Бо баъзе сенарияҳои моделсозӣ то соли 2050 2100 пиряхи Осиёи Марказӣ дучори таназзули фалокатбор мегарданд. Режими гидрологии Амударё ва Сирдарё тез ба поён меравад ва ба обёрӣ, нӯшидан, зиндагии миллионҳо нафар одамон таъсир мерасонад.
Бахусус пиряхҳои хурди камтар аз як километри мураббаъ осебпазиранд. Дар Тоҷикистон, масалан дар ҳавзаи Зарафшон 1200 пирях 40 фоиз масоҳати камтар аз як километри мураббаъ доранд. Бо пешгӯиҳо, дақиқан онҳо то соли 2050 нобуд мешаванд. Пиряхи Тоҷикистон ҳоло устувор аст ва яке аз бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон боқӣ мемонад. Аммо пирях низ ба обшавӣ дучор мегардад.
Чӣ бояд кард
Зарур аст, ки таҳқиқоти экспедитсионӣ ва стасионарии систематӣ дар пиряхи Тоҷикистон аз нав оғоз шаванд. Истгоҳҳои пиряхшиносӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои калон — Хингоб, Зарафшон ва Пянҷ лозиманд. Бояд ҳамкории байналмилалӣ рушд ёбад, методологияҳои ба ҳамдигар баробар эҷод шаванд ва усулҳо стандартизатсия гарданд.
Соли 2021 дар Конфронси ҷонибҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазго таъкид карда шуд, ки баъди кӯшишҳои бисёр давлатҳо ва Созишномаи Париж, ҳарорати ҷаҳонӣ идомаи росткунҷа дорад. Ва ин маънои онро дорад, ки таъсири манфӣ ба объектҳои табиӣ, бахусус ба пиряхҳо тақвият хоҳад ёфт.
Пиряхи Тоҷикистон барометри иқлимии мо аст. Ва ҳангоме ки мо дар бораи рақамҳо ва методологияҳо баҳс мекунем, пирях ҳамоно раванди ақибнишиниро идома медиҳад. 32 метр дар як сол. Ҳар сол. Барои чашм ноаён, аммо барои таърих ногузир.
Абдулҳамид ҚАЮМОВ,
академики байналмилалии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт (MANEB),
академики муҳандиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор
АКС аз муаллиф








ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика ба истифода дода шуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид






