Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад.
Бинои навсоз дуошёна буда, барои 600 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти муосир бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва зиёд намудани ҷойи нишасти хонандагон бунёд мегардад.
Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили деҳаи Оламтоб 170 хоҷагӣ бо зиёда аз 1200 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 320 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба сохтмончиён ва масъулони соҳаи маориф супориш дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи талаботи меъёр, сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамзамон барои сари вақт сохта, ба истифода додани бино ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз намудани мактаби нав дастурҳои мушаххас дода шуданд, то хонандагон дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






