Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият намуд, ки дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб гардиданд. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 5 миллиарду 269,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои амалкунанда 145,2 фоиз ва ё 1 миллиарду 697,5 милион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, 96,4 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,6 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши хусусӣ мансуб аст.
Моҳи сентябри соли 2026 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дубора ба фаъолият оғоз кард. Ин яке аз корхонаҳои калон дар соҳаи истихроҷи маъдан буда, фаъолияти он барои иқтисодиёти шаҳр аҳамияти калон дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






