Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд

Октябрь 21, 2026 13:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин равона  гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Ин иқдом дар заминаи тавсеаи ҳамкории илмию таълимии Тоҷикистону Чин амалӣ шуда, ба таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили донишу малакаҳои касбии донишҷӯён равона карда шудааст.

Татбиқи барномаи табодули академӣ ба донишҷӯёни академия имконият медиҳад, ки бо дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи таълимии муассисаи ҳамкор шинос шаванд, ҷаҳонбинии илмию маърифатии худро тавсеа бахшанд ва малакаҳои заруриро барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ такмил диҳанд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи ҳамкории дуҷониба солҳои 2025–2026 дар маҷмуъ 29 донишҷӯи академия (10 нафар соли 2025 ва 19 нафар соли 2026) дар доираи барномаи табодули академӣ барои таҳсил ба Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин равон карда  шуданд.

Ин нишондиҳанда аз натиҷабахшии фаъолияти академия дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва густариши имконияти таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ шаҳодат медиҳад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2026 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид