Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чиннӣ ва арабу-форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ — мудофиавиро ошкор намуданд.

Аҳолии шаҳри Ҳулбук ва музофотҳои он маҳсулотҳои беназири ҳунармандӣ аз қабили зарфҳои сафолии сирдор ва бесир, шишагин, булурин, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғ. дар сатҳи олии касбӣ ва техникӣ истеҳсол менамуданд ва бо ин васила талаботи худ ва минтақаро таъмин менамуданд. Сабки тасвири девормусаввараҳои Ҳулбук нишон медиҳад, ки ниёгони мо анъанаҳои санъати тасвирии гузаштаи хешро бо табодули анъанаҳои гузаштагон дар худ бевосита нигоҳ доштаанд. Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандасӣ дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ оҳангарӣ инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи тасвирҳои анҷомдодашуда бевосита табии буда бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ нафосот ва зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Анъанаҳои шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар замони Сомониён ташаккул ёфта дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ нигоҳдорӣ ва равнақ дода шудаанд. Шаҳри Ҳулбук яке аз нобиғаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8-ёдгориҳои беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим-и ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Хушбахтона таввасути истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳиссӣ баланди миллӣ-ватандорӣ, ки бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки дар ин самт як такони ҷиддие дар пешрафти таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Декабрь 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Ноя    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-