КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ гардида буд, имзо гузоштанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кодекси экологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ равона гардидааст.
Қабули ин санад барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва муайян намудани асосҳои танзими фаъолияти ба ҳифзи табиат вобаста аҳаммияти муҳим дорад.
Масъалаҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҳифзи захираҳои обу замин, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ аз самтҳои муҳими рушди қонунгузории экологӣ мебошанд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист такмили механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи табиат ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони захираҳои табиӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Татбиқи муқаррароти Кодекси экологӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ он метавонад ба беҳтар гардидани низоми ҳифзи муҳити зист, таҳкими назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






