Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд

Октябрь 22, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, таъсиси озмоишгоҳ ба рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши хусусияти хок равона гардидааст.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки ин озмоишгоҳ дар заминаи рушди илмҳои кишоварзӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» озмоишгоҳи институт бо таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз гардонида шуд. Озмоишгоҳ инчунин бо ду  мошини озмоишгоҳи сайёри дорои тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд.

АКС: Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

 

Октябрь 22, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд