Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд

Октябрь 14, 2026 13:59

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо намояндагони ҷомеаи тоҷикони Канада вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба фаъолияти ҷомеаи тоҷикон, густариши ҳамкории  Сафорат бо ҳамватанон, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.

Сафир иброз намуд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони бурунмарзӣ, ба хусус ҷомеаи тоҷикони Канада зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҷомеаи тоҷикон дар Канада оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанон ва роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда бо Сафорат баёни андеша намуданд. Аз ҷумла, ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли ҳамватанон дар чорабиниҳои марбут ба муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон, ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ, инчунин густариши робита бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

 

 

Октябрь 14, 2026 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд