Зафар Сайидзода: «Ховар» — мактаби тарбия ва камолоти журналистон»

Декабрь 21, 2015 06:47

Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -31 декабри соли 2015 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 90-сола мешавад. АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми баланд  дошта, интишоркунандаи боэътимоди ахбори таъҷилӣ ва ҷолиб дар бораи рӯйдодҳои муҳими ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Ба муносибати 90-солагии АМИТ «Ховар» бо собиқ директори Агентӣ Сайидзода Зафари Шералӣ мусоҳиба анҷом дода шуд.

 Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) аз 15 декабри соли 2003 то 5 феврали соли 2008 роҳбарии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро бар дӯш дошт. Дар ин муддат дар агентӣ як қатор навгониҳо, аз ҷумла таҳкими базаи моддию техникӣ ва беҳдошти шароити фаъолияти эҷодӣ, номгузории дурусти хабаргузорӣ, бозсозии сохтории он, таъсиси шабакаи бурунмарзӣ,  кушодани сомонаи мукаммалу чандзабона ва ғайра, ки  обрӯю нуфузи онро бардоштанд, ба амал омаданд. Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо мушовири калони бахши ёрдамчии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Сайидзода Зафари Шералӣ пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

  Нақши АМИТ «Ховар» — ро дар  пуррасозии  фазои иттилоотии Тоҷикистон чӣ  гуна арзёбӣ мекунед?

— Нақшу мақоми нави АМИТ «Ховар» — ро  дар  фазои иттилоотии кишвар Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  30  апрели соли 2004  муққарар кардааст. Тибқи  қарори Ҳукумат, хабаргузории миллӣ  органи  марказии  иттилоотии  давлат мебошад. Аз  ҳамон  замон  вазифаи  умдаи  фаъолияти  ҳайати  роҳбарӣ,  эҷодӣ  ва фаннии АМИТ «Ховар» сазовору  ҷавобгӯ будан ба  ин  мақоми масъули  ҳуқуқию сиёсӣ  аст. Иҷрои  муваффақонаи  ин  матлаб, аз ҷумла,   гарави  он  аст, ки  АМИТ «Ховар»  — дар  шароити  фаъолияти  ҳадафманду боғайрати чандин  хабаргузориҳои ғайридавлатӣ — симою  манзалати хешро  дар  фазои  иттилоотӣ  гум накунад.

Ба назари ман,  АМИТ «Ховар» аз ҳуқуқи  эксклюзивии худ  ба интишори иттилооти  президентӣ, ҳукуматию  парлумонӣ  ва  шарҳу  эзоҳи иқдому санадҳои давлатӣ бояд хубтару  пурратар истифода   барад.

Имрӯз  ҷомеа ба  шарҳу  эзоҳи касбии  иқдомот,  қарорҳо  ва барномаҳои сершумори ҳукуматӣ  ва  қонунҳои  нави ҷумҳурӣ  сахт  ниёзманд  аст. Иҷрои  ин кор вазифаи  асосии  «Ховар» аст,  зеро  шарҳу  эзоҳи дафтару  марказҳои  матбуотӣ теъдоди  ками  ин гуна  аснодро  фаро гирифта метавонанд. Дар  чунин  шароит хабаргузории  миллӣ  бояд  ибтикор намояд  ва  аз  ҳуқуқи имтиёзноки худ  пурра истифода  барад.

Оё  иттилоотро  метавон арзишмандтарин маводи  асри ХХ1 номид?

 — Дар марзияи  ҳазорсолаҳо  дар  бораи  таркиши иттилоотӣ  бисёр  менависанд ва  ҳарф  мезананд. Масалан,  аз  лаҳзаи тавлиди кӯдак дар солҳои  80–уми  асри 20-ум  то хатми  таҳсилаш  дар  мактаби олӣ  ҷараёни ахбор  дар  олами  атрофаш 4 маротиба афзун гардида,  дар тӯли   50  соли минбаъда  он  бояд  32  маротиба  зиёд шавад.  Ин  фароянд барои  рушди  тамаддуни башарӣ  як чизи табиист.  Яке аз  сабабҳои ин падида  ба  арсаи  муваффақу  зудрушдёбандаи иқтисодиёт табдил  ёфтани бахши истеҳсолу  интишори иттилоот мебошад. Сармоягузории  бозори иттилооту мухобирот  сол  аз  сол  бо  суръати беназир  афзоиш  меёбад.

Лозим  ба  зикр  аст, ки  фароянди  мазкур  тасодуфӣ  набуда,  ҳамчун  қонунияти  фарогири ҳаёти  тамоми  аҳли  башар  зоҳир  мегардад.  Дунё  шомили  марҳалаи нави рушд   шудааст,  ки онро  коршиносон  ҷомеаи  иттилоотӣ  номидаанд.  Иттилоот ба  захираи  асосӣ   ва  арзишмандтарини  прогресси  иҷтимоӣ табдил  меёбад. Айни  замон  захираҳои  табиӣ,  башарӣ,  фаннӣ  ва  энергетикӣ аҳамияти    ҳалкунандаи  хешро  ботадриҷ  гум мекунанд.  Фаъолияти  иттилоотӣ навъи  пешбари  амалияи  иҷтимоӣ  гардида,  пойгоҳи  (базаи)  техникӣ  ва технологии  равандҳои  иттилоотӣ  бо  суръати баланд  рушду  тавсеа  меёбад.  Соҳибӣ ба иттилоот  ва  воситаҳои дастрасӣ  ба он ба омили  асосии  нуфузу  эътибори  ин ё он  кишвар  дар  ҷаҳони муосир  табдил  меёбад.

Миқдор, сифат  ва дастрасии  захираҳои  иттилоотӣ  аз  бисёр  ҷиҳат  сатҳи рушди  Тоҷикистон, мақоми  (статуси) онро  дар  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  муайян  мекунанд ва, бидуни  шак,  яке аз  нишондиҳанда – меъёрҳои муҳимтарини ин  мақом  дар нимаи  аввали  асри ХХ1  хоҳанд гардид.

 Аз  ин  лиҳоз  бунёд,  рушд  ва таъмини  амнияти  захираҳои   давлатии иттилоотӣ, эҷоду пуштибонӣ ва  такмили имиҷи  иттилоотии Тоҷикистон  тавассути истифодаи  самараноки технологияҳои  иттилоотӣ,  таъмини  амнияти иттилоотии  давлат  ва  ҳифзи  манфиатҳои иттилоотии он, татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ  дар арсаи  идораи  давлатӣ  ва  идораи  системаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва  ғайра,  ба таври  бояду  шояд  шомил  шудан  ба ҷомеаи ҷаҳонии  иттилоотӣ дар  воқеъ бояд  ба  ҳайси  самтҳои  стратегии  сиёсати иттилоотии давлати  муосири Тоҷикистон мавриди татбиқи  амалӣ  қарор  дода шаванд.

 Тамоми  мазмуну  муҳтавои журналистика низ дар шакли иттилоот ифода ва  ба ҷомеа  ироа  мегардад. Ба  маънои муайян тамоми  фаъолияти журналистӣ  раванди  иттилоотӣ  мебошад.

   Нақши махсуси  воситаҳои гуногуни  ахбори  умум аз  зарурати  қонеъ намудани  ниёзҳои  иттилоотии  давлату  ҷомеа  маншаъ  мегирад.  Онҳо,  аз  ҷумла хабаргузории  миллии  Тоҷикистон «Ховар»,  дар  густариши сиёсати  иттилоотию психологӣ  ва  иттилоотию  нуфузии (имиҷсозии)  давлат  ба  имкониятҳои  бузургу тақрибан  беинтиҳо соҳиб  мебошанд. Татбиқи  тадбирҳои  ҳуқуқӣ,  иқтисодӣ  ва тадорукие,  ки  тавассути  фаъолияти  воситаҳои ахбори  умум  ба эҷоди тавозуни (баланси)  шахсият,  ҷомеа  ва  давлат  мусоидат  менамоянд, бояд  вазифаи  асосии сиёсати  иттилоотии давлат дар  соҳаи  воситаҳои ахбори  умум бошад.

Чор сол масъулияти  роҳбарии АМИТ «Ховар» бар  дӯшатон  буд. Ба андешаи Шумо, кадом омилҳои  пешбаранда  дар  агентӣ мавҷуданд ва  кадом сабабҳо  ба болоравии  мавқеи  он  халал  мерасонанд?

 Мақоми  баланди  ҳуқуқию  сиёсӣ, шароити хуби кори ҳайат, таҷрибаи  90-сола, макони  мусоиди  идораи  асосии  он  дар  маркази сиёсии  пойтахт,  ба маснади роҳбарї таъйин гардидани беҳтарин кадрҳои бахш омилҳои асосии пешбарандаи  кори  хабаргузории  миллӣ мебошанд.  Онҳо  имконият  медиҳанд,  ки «Ховар» ба  мактаби беҳтарини тарбияву камолоти  журналистони ҷавон табдил ёбад.

 Бурду  бохти «Ховар» ба он  вобаста  аст,  ки  омилҳои  зикргардида  то чӣ андоза  дуруст мавриди  истифода  қарор  дода  мешаванд.  Дар  ин  ҷода  ба хабаргузории  миллии Тоҷикистон сидқан ғайрату комгорӣ  таманно дорам.

Ташаккур барои суҳбат.

    Мусоҳиб- Бекназари Абӯбакр

Декабрь 21, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд