Марзбонони тоҷик асиронро озод карданд

Март 28, 2016 16:31

Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Пас аз анҷоми музокирот миёни намояндагони Тоҷикистон ва нафарони обрӯманди маҳаллии Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз асорат озод карда шуданд. Дар ин бора сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки гаравгонон се шабонарӯз дар асорати гурӯҳи мусаллаҳе, эҳтимолан қочоқбарони маводи мухаддир қарор доштанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби афғонҳои мусаллаҳ, ки зуҳри 25-уми март қитъаи душворгузари сарҳадро убур карда буданд, асир гирифта, ба ҷониби Афғонистон бурда шуданд. Дар ҷараёни муқовимат яке аз кормандони роҳ ҷароҳати сабук бардошта буд.
Дар ҷойи ҳодиса фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ки комиссияи махсус оид ба тафтиши қазия ва озод намудани асиронро роҳбарӣ мекунад, қарор дорад.
Тафсилоти бештари қазия шарҳ дода нашудааст.

Март 28, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид