Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Апрель 20, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истифода ва истеъмоли растании «испанд» дар қаламрави Русия ва Беларус манъ гардидааст. Чунин гуфта шуд дар вохӯрие, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат бо иштироки корманди масъули Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2021-2025 ва «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсоҳои онҳо» шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуда, аз давраи татбиқи он то ин муддат шумораи нашъамандон коҳиш ёфтааст ва қочоқи маводи мухаддиру сатҳи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин камтар гардидааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби корманди масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ рӯнамоиҳо оид ба номгӯйи «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсоҳои онҳо» ба кормандони мақомоти гумрук пешниҳод гардида, дар бораи «Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо», Конвенсияҳои ягонаи Созмони Милали Муттаҳид, ки Тоҷикистон аъзои ин конвенсияҳо мебошад, маълумоти муфид пешниҳод гардид.

Зимни вохӯрӣ оид ба назорати маводи дуруворӣ ва баъзе растаниҳо низ маълумоти муфассал дода шуд, ки на ҳамаи шаҳрвандон дар хусуси манъ будани содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ маълумоти муфассал доранд. Аз ҷумла, истифода ва истеъмоли растании «испанд» дар қаламрави Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус манъ гардидааст. Аз ин рӯ пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо қабл аз анҷоми сафар бо мусофирон ва шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ доир ба роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин мавод, роҳҳои чӣ гуна аз истифодаи қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он, ҳамчунин оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши ин мавод маълумоти муфид пешниҳод карда шуд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки кормандони мақомоти гумрукро зарур аст ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ошкор намудани қочоқи маводи нашъадор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо ин роҳ дар солимии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд