Ифтитоҳи бузургтарин Маркази тиҷоратии «Душанбе мол»

Июнь 21, 2016 17:34

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин Маркази тиҷоратии «Душанбе мол»-ро ифтитоҳ намуд.

Маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз тарафи Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия» бунёд ва бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Арзиши нархномавии иншоот мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ ҳамагӣ 110 миллион сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 100 миллион ва таҷҳизоту асбобҳо 10 миллион сомониро ташкил доданд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2013 шуруъ гардида, дар вақти бунёди иншоот то 400 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун бо кор ва маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин шуданд.

Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марказҳои савдои сару либос барои кӯдакону наврасонро тамошо кард, ки аз ширкатҳои кишварҳои хориҷ ворид шудааст.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ташкили Маркази тиҷоратӣ — ин пешниҳоди маводи озуқаворӣ ва кишоварзии босифат, дигар молҳои талаботи ҳаррӯза ва хизматрасониҳои фарҳангиву солимгардонӣ бо нархҳои дастрас ба мардуми кишвар ва меҳмонони пойтахт мебошад. Барои ин Маркази тиҷоратии «Душанбе-Мол» бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳаи савдо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Лоиҳаи Маркази тиҷоратӣ аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия» таҳия ва корҳои асосии сохтмонӣ низ аз тарафи ҳамин ширкат иҷро шудааст.

Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» бо назардошти ба иҷора додани нуқтаҳои савдо то 750 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳиссаи назарраси масоҳати Маркази тиҷоратӣ ба ташкили Гипермаркети «Ашан» рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии «Шивер Интернейшнл» Гипермаркети нахустини «Ашан»-ро дар Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Евразия», Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии «Шивер Интернейшнл» таъсис ёфт. Мавриди зикр аст, ки ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо — гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар Маркази савдои Душанбе мол то 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд. Инчунин, Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» оянда бо таъсиси чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил мекунад ва аз рӯи иттилои роҳбарият ҳамаи даромадҳои Ширкат барои рушди соҳаи савдою хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.

Бинои Маркази тиҷоратӣ аз 4 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум таваққуфгоҳи пӯшида барои 160 мошин, анборҳои мағозаҳо, хадамоти техникӣ ва утоқҳои кории хизматӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаҳои 2-юму 3-юм Гипермаркети Ашан, мағозаи кӯдаконаи «Олами кӯдакон», мағозаи либосҳои мардона «Инсоф», мағозаи ҷавоҳирот, мағозаҳои телефонҳои мобилӣ, маркази солимгардонӣ, мағозаи молҳои техникӣ, толори мебел, магозаи пойафзол, тарабхона ва 11 нуқтаи хӯроки тезтайёр ҷойгир аст. Дар ошёнаи 4-ум 4 толори Синамои «Кайҳон» дар маҷмуъ бо 290 ҷойи нишаст, намоишгоҳи санъати тасвирӣ бо синфхонаи омӯзиши ин ҳунар ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгир шудааст.

Маркизи тиҷоратии «Душанбе мол» бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд шудааст  ва хеле муосиру аз нигоҳи ҳаҷм боҳашамат мебошад.

Баъди шиносоии пурра Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои бунёди чунин як маркази муосири савдою хизматрасонӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ барои аҳолӣ гардидааст, изҳори сипос намуд.

Июнь 21, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд