ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Июль 26, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият барои ҳар миллату давлат неъмати бебаҳо буда, ба ин восита онҳо сарнавишти худро мустақилона муайян менамоянд, ҳокимияти давлатиро идора мекунанд, қонунҳои худро қабул карда, манфиатҳои миллиро ҳифз месозанд. Ба маънои дигар, миллату давлат бо шарофати соҳибистиқлолӣ соҳиби мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва молики рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчаму нишони давлатӣ ва суруди миллӣ гардида, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бе тобеият аз давлатҳои дигар муайян менамоянд. Ин арзишҳо ва рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ таъсири амиқ гузошта, қобилияти фикриву маънавии аҳли ҷомеаро боло мебаранд ва барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ масъулияти онҳоро бештар менамоянд. Унсурҳои асосии Истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсӣ, истиқлоли ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ, фарҳангиву маънавӣ буда, ба ин восита давлат ташаккул меёбад ва миллат асолати миллии худро нигоҳ дошта, рушд мекунад.

–Истиқлолияти миллӣ ҳамчунон ба инсон ҳуқуқу озодиҳои зиёд дода, фаъолияти иҷтимоии ӯро бештар менамояд. Ин мазҳари маънавӣ касро вазифадор мекунад, ки ба қадри истиқлол расад, ҳар порча хоки муқаддаси диёрашро азиз шуморад ва барои ободиву пешрафти он талош варзад. Падидаи мазкур ҷанбаи баланди ватандӯстӣ дошта, ба ин восита шахс ба таърихи пуршарафи халқи худ ошно мегардад, бузургони миллаташро мешиносад ва барои ҳифзи мероси маънавию моддии худ талош менамояд.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳиби истиқлолият гардида, ба ташаккули давлатдории миллӣ асос гузошт. Дар муддати кӯтоҳ давлати ҷавон Конститутсияи худро ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, институтҳои давлатиро таъсис дод. Ҳамзамон сиёсати мустақили иқтисодиро ба роҳ монда, ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Вобаста ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Истиқлолият барои мо рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ ва кафили рушди устувори ҷомеа мебошад».

Воқеан, Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик на танҳо рӯйдоди муҳимми сиёсӣ, балки низоми зиндагии мустақил гардида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди бомароми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа имконоти бештар фароҳам овардааст.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бартараф карда, аз як мамлакати қафомонда, ҷангзада ва пароканда ба давлати воҳид, пуриқтидор, устувор ва тавонманд табдил ёфт.

Кишваре, ки дар ҷараёни гузариш ба сохтори нави давлатдорӣ ба мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва дар ҳолати фақру бенавоӣ қарор дошт, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи чандинасраро дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тай намуд ва номи Тоҷикистонро маҳбуби халқи азизу ҳабиби давлатҳои хушбин намуд.

Ин абармарди дунёи сиёсат бо саъю кӯшиш ва қобилияти баланди кордонӣ на танҳо вазъи дохилиро ба эътидол овард, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифт, балки бо мурури замон зиндагиро дар мамлакат ба танзим дароварда, гурезагонро аз хоки кишвари ҳамсоя – Афғонистон ба Ватан баргардонид, сулҳро пойдор кард ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор намуда, барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам овард. Ин амалҳои неки ватандӯстона боис шуданд, ки Тоҷикистонро бисёр кишварҳои дунё, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шиносанд ва эътироф намоянд.

Баъд аз ин, дар мамлакат шароити нави ҳамкорӣ фароҳам омада, сармояҳои мустақиму ғайримустақим ва имтиёзнок ба кишвар ворид гардиданд. Ҳамаи ин сармоя ва маблағҳои буҷети давлатӣ барои ободии кишвар, навсозии минтақаҳои офатдида ва бунёди роҳ, пулу нақбҳо, рушди энергетика ва саноат, таъмиру сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ равона шуданд ва корҳои созандагӣ дар ҷумҳурӣ маҷрои нав гирифтанд.

Муҳимтарин коре, ки дар дохили кишвар ба анҷом расид, таъмини сулҳу субот ва барқарор кардани ваҳдати миллӣ миёни минтақаҳову гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ роҳи расидан ба Истиқлоли давлатиро на танҳо уствор гардонид, балки ҳамчун муҳаррик ҷиҳати якпорчагии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва рушди бомароми кишвар мусоидат намуд. Ин раванди ҳувиятсоз ба Презденти мамлакат шароит муҳайё намуд, ки баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар талош намоянд, мушкилиҳои мавҷударо бартараф созанд ва раванди корҳои ободониву созандагиро дар ҷумҳурӣ афзун гардонанд. Дар ин марҳала бо ҳидоят ва сарварии Пешвои миллат корхонаҳои азим бунёд шуда, мардум ба барқи муназзам таъмин гардиданд. Соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзиву сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ пеш рафтанд. Ҳамзамон, рушди уствори иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шуда, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ чанд маротиба афзун гардид.

Баробари чунин амалҳои неку шоиста Роҳбари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогаҳии аҳли ҷомеа тадбирҳои зиёди ватандӯстонаро дар кишвар татбиқ карда, ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ заминаҳои муассир фароҳам оварданд. Пешвои миллат ба хотири таъмини суботи сиёсии кишвар ва афзун гардонидани мақому манзалати давлати соҳибистиқлол, инчунин боло бурдани завқи ҷомеа ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ба ташвиқу тарғиби мероси моддиву маънавии халқи тоҷик рӯ овард ва корҳои назаррасро дар ин самт ба анҷом расонид. Яке аз чунин тадбирҳои судманд баргузор кардани ҷашни 1100 — солагии давлати Сомониён ба шумор мерафт. Ин чорабинии муҳимми давлатӣ на танҳо имиҷи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд, балки барои тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ роҳи васеъ боз намуд. Ҷашни мазкур имкон дод, ки Исмоили Сомонӣ ба сифати нахустин сарвари давлати пуриқтидори тоҷикон эътироф шавад ва ҳамчун рамзи устворӣ ва пойдории давлат ба сифати ормон ва идеяи ватандӯстӣ интихоб гардад.

Бо ин мақсад аввал дар пойтахти кишвар ҳайкали боҳашамати Исмоили Сомонӣ бунёд гардид ва минбаъд ин тандиси боҳашамат дар маркази аксари шаҳру ноҳияҳо ҳамчун рамзи пойдории давлати тоҷикон қомат афрохт. Ин ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи халқро ба гузашта бедор кард ва барои шинохти таърихи миллат роҳи васеъро боз намуд. Баъд аз ин, пайваста доир шудани 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ҳазораи «Шоҳномаи»-и безаволи Фирдавсӣ, 1000-солагии Носири Хисрав, 650 – солагии шоир ва орифи шаҳир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии классики назми форсу тоҷик, ғазалсарои бузурги машриқзамин Камоли Хуҷандӣ, соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800- солагии Ҷалолиддини Румӣ, 1150-солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100-солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров, 1310-солагии Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) нишонаи дурахшони эҳтиром гузоштан ба таърихи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафт.

Барои кишвари соҳибистиқлол баргузор шудани чорабиниҳои мазкур аҳаммияти бағоят бузург дошта, онҳо ҳамовозии мардум, бахусус адибону олимони кишварро зиёд намуданд. Зиёиёни кишвар бо завқу шавқи рӯзафзун ба омӯзиши таърихи гузашта ва муаррифии мероси пешин машғул шуда, эҷодкорон дар мавзуи ватандӯстӣ ва худогаҳӣ асарҳои ҷолиб таълиф ва интишор намуданд, ки ҳар кадом дар бедории афкори меҳанпарастонаи насли наврас саҳми босазо мегузоранд.

Эълон шудани “Соли тамаддуни ориёиҳо” қадами устувор дар роҳи шинохти истиқлол, таърих ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Мардуми тоҷик ба ин восита ба омӯзиши таърихи аҷдоду қавмҳои гузаштаи худ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба ирқи ориёӣ мансуб будани худро аз нав мавриди омӯзиш қарор доданд. Онҳо аз даричаи таърих вориди омӯзиши тамаддуни халқашон шуда, ба сайри амвоҷи пуртуғёни уқёнуси фарҳангу адабиёти миллати қадим роҳ пеш гирифтанд ва ба нангу номуси ватандорӣ, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди инсондӯстӣ доштани фарзандони далери халқи сарбаланди тоҷик шинос шуданд. Давоми таърих тоҷикон борҳо давлатдорӣ кардаанд ва онро “бе ҳамҳамаву дабдаба”, бе таҳвил ва таҳмили ҷангу хунрезӣ ба дигарон роҳи фақру фарҳехтагиро пеша намуда, аз сӯйи илму дониш, таълифу таҳияи осори илмиву адабӣ шӯҳраташонро дар ҷаҳон афзун гардониданд ва мероси бузургеро баҳри имрӯзиёну пасояндагон ба мерос гузоштанд.

Ин суннатҳои бебаҳову шойгонро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла баргузор кардани ҷашну маърака ва конфронсу симпозиумҳо аз нав зинда карданд ва ҷаҳониёнро ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик шинос намуданд. Бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба сифати Президенти мамлакат, балки ба ҳайси як тан ҷавонмарди ватандӯст дирафши номусу нангро баланд бардошта, дар роҳи такими истиқлолияти давлатӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносӣ қадами ҷиддиву устувор гузоштанд ва Тоҷикистонро ба макони маърифат ва манбаи илҳоми илму адаб табдил доданд.

Ҷавҳари ҳамин амали инсонгароёнаро идеяи истиқлолхоҳонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам уствор гардонидааст. Пешвои миллат борҳо ҷони худро барои ваҳдати ин миллат, амнияту суботи он дар хатар гузошта, Ватанро аз вартаи даҳшатнок раҳоӣ бахшидаанд. Миллатро муттаҳид намуда, дар қалби шаҳрвандон меҳру муҳаббатро нисбат ба мафҳуми муқаддаси Ватан ва Тоҷикистон афзун гардонидаанд. Барои Роҳбари давлат Истиқлоли миллӣ маънои бузург ва рамзи баланди худшиносӣ дорад. Сарвари давлат моҳияти фалсафиву иҷтимоии ин масъаларо дуруст дарк карда, ин рукни мубораку муқаддасро эҳтиром менамоянд ва барои пойдор мондани он тамоми қобилияти ташкилотчигиро сарф ва аз роҳи илму дониш ва хираду хирадмандӣ ба дарёфти ҷавҳари ҳастии миллат – Истиқлоли давлатӣ такя менамоянд.

Дар шинохти Истиқлоли миллӣ забон ҳамчун унсури ҳувиятсоз хизмат карда, дар пойдории миллат ва уствории давлат нақши калидӣ мебозад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи забони тоҷикӣ корҳои бузургро ба анҷом расонида, давоми сиву панҷ сол на танҳо забони тоҷикиро неруманд гардониданд, балки мақоми онро дар сатҳи давлатӣ бақо бахшида, ба пешрафти он роҳи васеъ боз намуданд. Дар мамлакат ҳамасола ҷашн гирфтани Рӯзи забони тоҷикӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии Пешвои миллат ба шумор меравад. Дар ин рӯз тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд, ки ҳар кадом дар таҳкими забони тоҷикӣ ва пойдории он нақши бузург мебозанд. Дар баробари ин, аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид, дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳангоми мулоқот бо сарони давлатҳо бо забони шевои тоҷикӣ сухан гуфтани Сарвари давлат нишонаи расидан ба истиқлоли давлатӣ буда, мақоми забонро боло мебарад ва қудрати онро афзун мегардонад.

Истиқлол барои рушди илму дониш низ роҳи васеъро боз менамояд. Дар кишваре, ки ҳар фардаш ба илму дониш саҷда меовард, Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки фарзандони ин Ватан на танҳо мактаби бузургони диёрро аз нав зинда гардонанд ва ба илми Ибни Сино, Абрайҳон Берунӣ, Закариёи Розӣ, Абуҳомиди Хуҷандӣ, Умари Хайём, Низомулмулк, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо тан алломаҳои миллат, ки илмро дар замонашон ба арсаи ҷаҳонӣ бароварда буданд, арҷ гузоранд, балки дар рушди илми ватанӣ роҳҳои навро кашф карда, дар ин ҷода муваффақ гарданд.

Пешвои миллат ба илм арҷи бепоён гузошта, мисли баъзе кишварҳои пасошуравӣ Академияи илмҳоро барҳам надоданд, балки ба он унвони ифтихории “миллӣ” –ро ҳамроҳ карда, ҷиҳати рушди илм заминаи мусоид фароҳам оварданд. Пешвои миллат барои устувор кардани заминаҳои моддиву техникии ин соҳаи ҳаётан муҳим маблағҳои зиёд ҷудо намуда, илмро сарчашмаи пешрафти кишвар эълон карданд ва дар ин ҷода корҳои шоистаро амалӣ гардониданд.

Истиқлоли миллӣ ба Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ба мактабу маориф аҳаммият диҳанд ва ин соҳаро аз вартаи мураккаби мушкилот раҳоӣ бахшанд ва барои рушди он замина фароҳам оваранд. Сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат наҷоти миллатро дар ислоҳоту навсозии соҳаи маориф донистанашон буд, ки садҳо мактабҳои типпи нав бунёд шуданд, қисми зиёди мактабҳо аз таъмири ҷорӣ баромаданд ва дар деҳаҳои дурдасттарин мактабҳои замонавӣ бунёд гардида, муаллим манбаи ақлу хирад ва шарафи ҷомеа эълон шуд ва барояш имтиёзҳои зиёде фароҳам омад. Ҳамзамон дар самти рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ пирӯзиҳои нав ба даст оварда шуда, ин соҳаҳо пеш рафтанд. Воқеан, дар раванди шинохти миллӣ, дарки идеяҳои истиқлоли давлатӣ нақши мактабу маориф ниҳоят бузург мебошад. Дар ин боргоҳи маърифат баробари аз бар кардани касбу дониш ба насли наврасу ҷавон нозукиҳои мактаби давлатдории Президенти Тоҷикистон ва моҳияту аҳаммияти истиқлоли миллӣ шарҳ дода мешаванд. Маҳз дар ин ҷо хонандагону донишҷӯён дар руҳияи худшиносиву худогаҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия меёбанд ва дар қалбашон арзишҳои истиқлолхоҳӣ ҷой дода мешаванд. Ин сабақҳо қадами устувор дар шинохти маърифати истиқлол буда, ҳушёрӣ ва зиракиро дар қалби онҳо бедор месозанд ва ба ҳифзу ҳимояи истиқлолият раҳнамун мегардонанд.

Истиқлол барои аҳли адаб ва эҷод низ манбаи илҳом мебошад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон иттифоқҳои эҷодӣ фаъол гаштанд. Махсусан, Иттифоқи нависандагон ва аҳли адаб аз шароити мусоиду осоишта истифода карда, ба таълифи асарҳои нав машғул шуданд ва асарҳои пурмазмуни ватандӯстона эҷод намуданд. Дар ин марҳилаи таърихӣ адабиёт ба куллӣ моҳияти адабпарваронаи худро таҳким бахшада, идеяи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогаҳиро дар маркази диққати адибон қарор дода, дар ин ҷода соҳиби дастовардҳои назаррас гардид. Дар ин давра мазмуну мундариҷаи офаридаи адибон куллан тағйир ёфта, ташвиқи идеяҳои истиқлоли миллӣ, тасвири сабақҳои таърихӣ, инъикоси масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ асоси эҷодиёти онҳоро ташкил дод.

Дар дарки моҳияти истиқлол фарҳанг ҳамчун унсури тавонманд ва ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат хидмат карда, барои рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими идеяҳои он нақши созгор мебозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон фарҳангро ба сифати унсури ҳувиятсоз эътироф намуда, на танҳо дар пешрафти ин соҳаи калидӣ саҳми созгор гузоштаанд, балки дар чопи асарҳои таърихӣ, адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, дар пешрафти санъат, театр, рассомӣ ва ҳунармандӣ ёрии амалӣ расониданд. Ба кӯшиши Пешвои миллат ҳунари қадимаи кундал аз нав зинда гардид. Санъати наққошӣ, сангтарошӣ, гаҷкорӣ ва навъҳои дигари санъати нафиса рушди тоза ёфта, санъати нигориш (минётура) аз нав эҳё шуд. Ба ин восита на танҳо руҳи Камолиддини Беҳзод, Султон Маҳаммади рассом, Ако Мирак, Қозӣ Аҳмад, Иброҳим Мирзо, Музаффар Алӣ, Ризои Аббосӣ ва даҳҳо рассомоне, ки пояи ин ҳунарро дар асрҳои ХУ ва ХУ111 устувор карда буданд, аз нав зинда гардид, балки ин санъати нодир тавлиди дубора ёфта, бо шаклу усули хос роҳи рушдро пеш гирифт.

Сарвари давлат санъати “Шашмақом” ва “Фалак” –ро аз нав зинда карда, ба сарояндагони ин навъҳои ҳунар пару боли нав бахшиданд. Театри миллӣ рушд карда, нахустин театри бузургу боҳашамат, ки дорои тамоми ороишоти миллист, имсол ба истифода дода мешавад. Дар ҳар маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ бунёд ёфтани қасрҳои фарҳангӣ нишонаи арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ буда, дар бедор кардани ҳисси миллӣ, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Бунёди Осорхона ва Китобхонаи миллӣ дар пойтахти кишвар воситаи муҳими тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ ва макони баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангии омма гардиданд. Аз ин марказ ва мавзеъҳои маънавӣ фарҳанги тоҷик ба оламиён муаррифӣ мегардад.

Дар ин замина, зинда гардонидани мероси моддиву маънавӣ, аз нав таъмиру тармим гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, навсозӣ шудани мақбараҳои устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Шақиқи Балхӣ, доир шудани ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои Тахти сангин, қалъаҳои Кӯлоб, Хулбуқ, Қалъаи Ямчун, Золи Зард ва амсоли инҳо воситаи бедор кардани эҳсос ва ифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ҳамин тавр, Истиқлоли милливу давлатӣ барои халқи тоҷик беҳтарин неъмат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба ин восита соҳиби дастовардҳои шоиста гардиданд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри соҳибистиқлолиамон расем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, тамоми қувва ва неруямонро барои рушди он сарф намоем.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА

Июль 26, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза гирифтааст