Тоҷикистон ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои Шашум дар рушди устувор омодагӣ мегирад

Июль 12, 2016 13:28

Душанбе, 12.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафҳои Шашум дар рушди устувор (ҲРУ) ва вазифаҳои ҳадафии «Ноил шудан ба дастрасии умумии об ва санитария»  баргузор гардид.
Ин ҳамоиш 11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN-DESA) баргузор мешавад.
Дар давоми ин рӯзҳо ҳамоиш дар «Кохи Сомон»-  қароргоҳи ҳукуматӣ  намояндагони ҳукуматҳо ва тасмимгирандагон дар соҳаи идоракунии захираҳои об, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони илмӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ меоварад.
РасулзодаДар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Maҳмадализода гузориш доданд. Таъкид гардид, ки ба 193 кишвар ва 190 ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони инфиродӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. То  дирўз зиёда аз 110 нафар мансабдорони шинохта, мутахассисон ва коршиносони соҳа аз 54 кишвари ҷаҳон  иштироки худро дар ҳамоиш тасдиқ карданд.
Ҳамоиш майдончае барои муҳокимаи роҳҳои амалӣ гардонидани ҲРУ 6 ва вазифаҳои ҳадафӣ, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии навбатӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», ки бо ташаббуси Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, хоҳад шуд. Маълумоти муфассалро оид ба Ҳамоиш метавонед дар сомонаи http://watersdg2016.org пайдо кунед.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли гузашта дар Форуми VII ҷаҳонии об дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ ширкат варзид ва пешниҳод намуд, ки даҳсолаи оянда  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» эълон шавад. Ӯ зикр намуд, ки аллакай дар соли 2030 50% аҳолии сайёра бо мушкилоти норасоии об, ки он то соли 2050 метавонад боз ҳам бештар шиддат ёбад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даҳсолаи охир, ки таҳти шиори «Об барои ҳаёт» сипарӣ шуд, таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, басомади офатҳои табиӣ, барои ба даст овардани ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар пешистода иҷозат намедиҳанд. Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳори боварӣ намуд, ки идомаи ин иқдом ба расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.

Июль 12, 2016 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо Чен Вентсин мулоқот намуд
Маҷмуи масоили ҳамкорӣ байни Душанбе ва Шероз баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Амрико дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Теҳрон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Исматулло Насредин ва Ҳамиш Фалконер оид ба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ табодули афкор намуданд
Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Италия барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ мавриди амал қарор мегирад
Дар Давҳа масъалаи содироти меваю хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар бахши маориф матраҳ намуданд
Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд