Ифтитоҳи нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика” дар шаҳри Душанбе

Август 30, 2016 11:15

Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин Боғчаи байналмилалии “Малика”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Муассисаи томактабии байналмилалии “Малика” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, дар муддати 21 моҳ аз ҷониби пудратчӣ ҶСП «Сомон-таҷҳизот» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи “Малика” дар шаҳри Душанбе бо маблағи умумии беш аз 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бо ифтитоҳи ин муассиса 65 нафар сокини пойтахт имкон пайдо карданд, ки бо ҷои кор ва маоши то 1500 сомонӣ таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки Боғчаи байналмилалии «Малика» аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи байналмилалии “Малика” аз 8 айвонча, 16 ҳуҷраи хоб, ҳавзи шиноварӣ, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, майдони хурди бозии футбол, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит, кӯдаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷамъият бошанд.

Август 30, 2016 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт