Пешвои миллат ба гурӯҳи калони кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ супориданд

Август 29, 2016 11:07

Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.

Дар оғози маросими мукофотсупорӣ ва қадрдшиносии хизматҳои шоёни  намояндагони касбу кори гуногун, ки дар остонаи ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солгарди навбатии ҷашни муқаддасро ба аҳли толор, мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ муборакбод гуфта, соҳибони ҷоизаву мукофотҳои давлатиро ба муносибати сазовор шудан ба қадршиносоии роҳбарияти давлату ҳукумат табрик намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаву ҷавонмардонаи фарзандони ватандӯсти халқамон ҳамеша шоистаи қадрдонӣ буда, заҳмати созанда ва бунёдкоронае, ки ба ободии Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби роҳбарияти давлат бе қадрдонӣ намемонад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мукофоти давлатӣ шакли олии ҳавасмандгардонии шахс ва эътирофи хизматҳои ӯ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид карданд.

Ҳамин тариқ бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 91 нафар бо Медали хизмати шоиста, 9 нафар бо Медали Ҷасорат, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Ватан, 2 нафар бо рутбаҳои навбатии махсуси навбатӣ, 1 нафар бо ордени Спитамен дарачаи 1, 1 нафар бо медали Шафқат, 5 нафар бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардида, ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 12 нафар ва ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар мушарраф гардиданд.

Сарвари давлат саҳми омӯзгоронро дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон муҳиму назаррас арзёбӣ намуданд.

Гурӯҳи калони кормандон аз соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, илму техника, санъат, маориф бо ордени Шараф дараҷаи 2 ва медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.

Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, нақши муҳандисону сохтмончиён ва бинокорон, ки дар сохтмону бунёди нақбҳо, роҳу пулҳо ва иншооти азими кишвар кору фаъолият доранд, назаррас маънидод гардид.

Хизматҳои шоёни таҳсини зиёда аз 16 нафар кормандону намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо унвони фахрии  Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Гурӯҳи дигари кормандони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Хизматҳои арзандаи таҳсини шумораи зиёди афсарону сарбозон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои мухталифи низомию махсус бо ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Ба 12 нафар олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ, ки бо қарори Комиссияи дарёфт муайян ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2016 супурда шуд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ, илмҳои бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ супорида шуд.

Барои мусоидат ба рушди соҳаи маориф бошад, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисотон дар соҳаи маориф сарфароз гардонида шуд.

2 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ, ҳарбӣ ва махсус сарфароз гардонида шуданд.

Зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастовардҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ, хизматчиёни давлативу ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар боиси афзун шудани қудрату тавоноӣ ва боло рафтани эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамон мегардад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандоне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Август 29, 2016 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон