Дар Тоҷикистон Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ доир хоҳад шуд
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим- Тоҷикистон рӯи худро ба ҷаҳон мекушояд ва ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!» баргузор мегардад.
Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул «Саёҳат ба хотири сулҳ» бо ҳамкории Бунёди мукофоти сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди аврупоию чинии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ташрифи меҳмонон ва рассомон аз 45 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ҳамчунин меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва боғи Ирами пойтахт дидан мекунанд ва дар мавзеъҳои мазкур барои рассомон пленэр ташкил хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






