Ф. Баротзода: «Ворид гардидани як идда ҷавонони тоҷиктабор аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» ба ҳусни ҷаласаи САҲА доғи сиёҳ ворид намуд»

Сентябрь 23, 2016 15:58

Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр як гурӯҳи мухолифон ба толори маҷлисгоҳ, воқеъ дар Варшава, ки дар он ҷаласаи САҲА мегузашт, ворид шуданд. Воридшудагон тақрибан 20 нафар аз иштирокчиёни эътирози назди бинои САҲА буда, дар тан куртаҳои бо акси боздоштшудагон, чун Бузургмеҳр Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ-ро доштанд. Бояд гуфт, ки дар ҷаласа намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода иштирок доштанд.
Дар ҷаласа 21 сентябр аз ҷониби ду созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон филми мустанаде бо номи «Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад» намоиш дода шуд, ки қаҳрамонони асосии филм фаъолон аз ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» буданд.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд: «Ҳодисаи ғайричашмдошт ва нохуше, ки зимни баргузории ин ҷаласа рух дод, аслан ба одобу муқаррароти баргузории ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ нест. Масъалаи баррасии чунин проблемаҳо бояд дар сатҳи иштироки фаъолона ва тахассусии кормандони масъули ин соҳа баргузор карда шавад. Ворид гардидани як идда ҷавонони тоҷиктабор, ки аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи ҲНИТ ва «Гурӯҳи 24» худро муаррифӣ кардаанд, асосан ба ҳусни ин ҷаласа як доғи сиёҳ ворид намуд, зеро баргузор намудани ин қабил ҷаласаҳо бо иштирок ва фишори нафароне, ки на барои кишвари мансубашон -Тоҷикистон ва на падару модаронашон ҳеҷ кори муфиду самарабахше анҷом надодаанд, бисёр иқдоми нобахшиданӣ аст.
Тавре ки медонем, имсол ҷумҳурии азизи мо дар марҳилаи пешвози ботантанаи Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ҳамагон шоҳиданд, ки дар гӯшаву канори кишвар дар иртибот ба ин масъала корҳои ободонӣ анҷом ёфта, корхонаву мактабу марказҳои тандурустӣ ифтитоҳ гаштанд, ки ин боиси ифтихори сокинони Тоҷикистон аст. Аммо масъалаи ширкати чунин нафарон ва баромадҳои эътирозии онҳо бояд дар асоси меъёрҳо ва муқаррароти кишварҳои маскун сурат гирад. Мо гумон дорем, ки албатта, роҳбарияти олии давлати Лаҳистон аз ин намуд рафтори як идда нафарони аз кишвари мо гурезашуда огоҳии комил надоштанд, вагарна ба анҷом додани ин гуна тазоҳуроти намоишкорона роҳ намедоданд. Мо умед дорем, ки дар оянда ин гуна чорабиниҳо пешгирӣ карда мешаванд.
Дар иртибот ба масъалаҳои исломшиносӣ ва диншиносӣ бояд гӯем, ки созмонҳои террористие, ки дар қаламрави кишварҳои арабию мусулмонӣ ҳамчун созмонҳои террористӣ ва носозгор барои рушди устувор ва амну суботи кишварҳо, ба мисли «Ихвон-ул-муслимин», «ДИИШ» ва ҳаракатҳои гуногуни марбут ба салафия эълон шудаанд, дар тактика ва стратегияи кори онҳо як шакли пинҳонии мубориза вуҷуд дорад, ки онро пайравони «Ихвон-ул-муслимин» ҳанӯз нимаи аввали асри 19 поягузорӣ намуда буданд. Чунин тарзи мубориза аз он иборат аст, ки онҳо ҳатто баъд аз ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ, барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ муборизаи худро дар шакли иштирок намудан дар парлумонҳо идома медоданд. Агар дар ҳолати ноком шудан ва вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи кишварҳои гуногун онҳо ба муҳокимаи судӣ кашида шуда, зиндонӣ мешуданд, аз ҷониби саркардаҳои онҳо ҳатто дар шароити зиндонӣ ва то вақти зинда буданашон муносибати куфр эълон намудан бо ҳокимиятҳои қонунии кишварҳои арабию мусулмониро идома медоданд. Дар ҳолати раҳоӣ ёфтан ва ё эътироф нагардидани роҳу равиш ва фаъолияти чунин нафарон, кишварҳое пайдо мешаванд, ки барои муҳоҷирати чунин нафарон мусоидат мекунанд.
Бояд гӯем, ки баъд аз ҳодисаҳои нохуше, ки моҳи сентябри соли 2015 дар матни сиёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ афтода буд, аксари намояндагони иртиботдор ва огоҳи ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом, дигар ҳизбҳои мамнуъи тобеъ ба «Гурӯҳи 24» ва шаклу равияҳои салафия фавран роҳашонро ёфта, дар кишварҳое, мисли Олмон, Лаҳистон, Австрия барои худ нишемангоҳ ва паноҳандагӣ пайдо карданд. Ин гуна муносибат ба ҳамин қабил гурӯҳҳои хурди харобкор дар муносибат ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зоҳир карда мешавад ва мо бояд аз ин амали ноҷавонмардона ва саҳлангории ин гурӯҳе, ки дар назди Ватан ва падару модари худ коре анҷом надодаанд, озурда нашавем. Мо бояд самту фаъолияти кори худро барои бештар ноил гардидан ба рушди устувори иҷтимоиёту иқтисодиёт ва таъмини ояндаи дурахшони кишварамон сафарбар намоем».

Лайло Қосимова

Сентябрь 23, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд