Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгиранда дар ноҳияи Нуробод

Сентябрь 25, 2016 11:51

 Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгирандаро ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 нафар кӯдаки ятим иштирок карданд.

Корҳои таҷдиду азнавсозии муассисаи мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури Сарвари ғамхору раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Масоҳати умумии қитъаи замини боғчаи бачагон 0,9 гектар ва масоҳати худи бино 906 метри мураббаъро ташкил дода, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар боғча имкон аст, дар як вақт 140 кӯдак ба ғамхорӣ фаро гирифта шавад.

Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи томактабӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Фармоишгар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии Роғун” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чароғ” мебошад.

Дар саҳни ҳавлии боғча 6 адад айвонча барои бозии кӯдакон ва ҳавзи оббозӣ сохта шудааст. Дар ошёнаҳои аз якум то дуюм беҳтарин утоқҳои машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, синфхонаи санъати мусиқӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда, дару девори боғча бо санъати зебои тасвирӣ бо расми қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити Боғчаи бачагон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 30 кӯдак ва туйи домодию арӯсии 10 ҷуфти ҷавон иштирок карданд.

Дар доираи сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва ятимпарваронаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи тифлакони хуштолеъ дар рӯзи тӯяшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, сари онҳоро падарвор сила карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулони соҳаи маорифи кишвар дастур доданд, ки дар тарбияи насли оянда ва кӯдакони ин даргоҳ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Сентябрь 25, 2016 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд