Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 19, 2024 12:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро дар деҳоти Булёни поён ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон бо кормандони соҳаи маориф ва илм, ки рӯзи якуми сентябри соли равон сурат гирифта буд, бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар мудати як моҳ омода карда шуд.

Бинои муассиса як ошёна буда, дорои 3 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи хоб барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 100 нафар фарзандони сокинони деҳаҳои «Дурахшон — 1» ва «Булёни поён» пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз ошхона ба 25 ҷои нишаст, хонаҳои машғулиятгузаронӣ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст.

Таълиму тарбия дар муассиса бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон забонҳои хориҷӣ низ омӯзонида мешавад.

Кӯдакистон ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия нақши муҳим мебозад.

Лозим ба таъкид аст, ки соҳибкорону дигар ашхоси ватандӯсти ноҳияи Данғара иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.

Ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳудуди ноҳия баробари дигар иншооти ҳаётан муҳим 4 кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд муассисаи дигари томактабӣ бунёду омода хоҳад шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ таъсиси чунин кӯдакистонҳоро дар деҳот омили муҳими ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ карданд.

Сентябрь 19, 2024 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд