Имрӯз – Рӯзи умумиҷаҳонии туризм. Сайёҳон торафт бештар ҷозибаи Тоҷикистонро эҳсос менамоянд!

Сентябрь 27, 2016 09:49

Душанбе, 27.09.2016./АМИТ «Ховар»/. «Сайёҳӣ ё худ туризм дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати кишвар бо дарназардошти захираҳои бузурги табиӣ — рекреатсионӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакатамон  ба василаи эҷоди симои қавии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Дар росто, сиёсати “дарҳои кушод”, оромию осудагӣ, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва ташкили инфрасохтори мусоид барои рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида истодааст».  Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии туризм, ки имрӯз, 27 сентябр дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, иброз доштааст. Соли ҷорӣ рӯзи умумиҷаҳонии туризм таҳти шиори «Сайёҳӣ барои ҳама – мусоидат ба дастрасии умумӣ ба туризм» ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии Тоҷикистони муосир ба ҷомеи ҷаҳонӣ ва ҷалби бемайлони сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба ҳисоб мераванд, борҳо дар суханронишон ба ин соҳаи даромадноки кишвар, омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа таъкид намуда, иброз намуданд, ки дар марҳилаи зеррини тараққиёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ин тараққиёти туризми байналмилалӣ бояд маҳсуб шавад.
Ҳамчунин, бунёди силсилаи меҳмонхонаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва ташкили инфрасохтори аввалиндараҷа дар манотиқи гуногуни мамлакат аз амалӣ шудани нақшаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина мебошанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 аз рӯи раддабандии(рейтинги) нашрияи электронии Globe Spots, Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷаззобият барои сайёҳӣ дар ҷаҳон баъди кишвари Малта ҷои дуюмро гирифт.

Имрўзҳо, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 иншооти туристии дорои ҷанбаҳои санаторию курортӣ бо назардошти меҳмонхонаҳо амал менамоянд, ки ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бино ба таҳлили Аҳтам Абдуллозода, ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳон ба ҷумҳурии мо сол то сол васеъ гашта, ҷамъ бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 100 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ боздид намуда истодаанд.
Аз моҳи июни соли 2016 бошад, тартиби электронии равододи Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оѓоз гардид.

Дар натиҷаи татбиқи маҷмўи чораҳои дар боло зикршуда, махсусан содда кардани тартиби воридшавӣ ба кишвар, аз байн бурдани монеагиҳои молиявию маъмурии маҳдудкунанда, инчунин анҷом додани корҳои мақсадноки маркетингӣ, алалхусус тавсеаи маводҳои таблиғотӣ оиди захираҳои туристии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, дар соли 2015 тибқи маълумотҳои оморӣ нахустин маротиба пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии давлатӣ нишондоди ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар аз 400 ҳазор нафар гузаштааст.

Агар дар соли 2015 нишондиҳандаи баландтарини ташрифоти сайёҳон 414 ҳазор сайёҳ ба қайд гирифта шуда бошад, дар нимсолаи якуми соли 2016 ба кишвар 209 ҳазору 511 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин нишондод 163 ҳазору 988 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16723 нафар зиёд мебошад.

Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ аз ҳисоби 163 ҳазору 988 сайёҳи хориҷӣ  81 миллиону 994 ҳазор доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқи мамлакат ворид гаштааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 361 ҳазору 500 доллар зиёд мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии туризм имсол бори 37-ум таҷлил дар саросари ҷаҳон карда мешавад. Соли 1979 дар шаҳри Торремолиноси Испания ҷаласаи навбатии ассамблеяи Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардид ва ҷиҳати таҷлили ҳамасолаи Рӯзи умумиҷаҳонии туризм қарор баровард.  Дар муддати кутоҳ ҷашни сайёҳон дар бисёр кишварҳои олам маъруф гардид. Имрӯз сайёҳӣ барои бисёр давлатҳо ба яке аз манбаҳои асосии даромади буҷет табдил ёфтааст. Даҳҳо шаҳрҳои тараққикардаву замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳаи туризм ба сар мебаранд. Дар сохтори ҳукумати бисёр мамлакатҳо, чун дар Тоҷикистон мақомоти марказии танзимкунандаи ин соҳа фаъолият менамоянд.

Аз ҳама бештар хитойиҳо ва амрикоиҳо ба саёҳатҳои туристӣ мебароянд. Хитойиҳо ҳар сол барои ин беш аз 90 миллиард доллари ИМА сарф менамоянд. Аз ҷиҳати ташрифи сайёҳони хориҷӣ Франсия ва Испания пешсаф мебошанд: ҳар сол Франсияро 83 миллион ва Испанияро 58  миллион сайёҳон зиёрат менмоянд.

 

 

 

 

 

Сентябрь 27, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд