Оғози боҳашаматтарин паради ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 8, 2016 08:50

Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ин лаҳзаҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ ҷараён дорад, ки боҳашаматтарин паради ҳарбӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.

Дар ин паради ҳарбӣ тақрибан 16 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият 25 ҳазор сарбозони ҷузъу томҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин 9 сентябр аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ парад-марафон гузаронида мешавад, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат меварзанд.

Сентябрь 8, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад