ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд

Май 4, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти мақомоти андоз, ки ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат-таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиии мамлакат нигаронида шудааст, хеле муҳим арзёбӣ гардида, аз ҳар корманди мақомоти андоз масъулияти баланд ва дониши замонавӣ талаб менамояд. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май гузаронида мешавад.

Раванди рақамикунонӣ дар мақомоти андоз дар ҳоли рушд аст

Нусратулло Давлатзода иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо дастовардҳои баланд гузаронида мешавад.

Солҳои охир бо тақозои замон дар мақомоти андоз ба равандҳои рақамикунонии соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Аз ин рӯ, татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ки ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, сатҳу сифати хизматрасонии давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти андозсупоранда дар таъмини риояи қонунгузории андоз ва халалдор насохтани фаъолияти онҳо равона гардидааст, ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз табдил ёфтааст.

Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мусоидат менамояд

Бо дахли беҳтар намудани маъмурикунонии андоз Нусратулло Давлатзода иброз намуд, ки мақомоти андози Тоҷикистон барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, то қадри имкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва дар ин замина афзун намудани воридоти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Ба андозсупорандагон беш аз 40 намуди хизматрасонии электронӣ пешниҳод шудааст

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, бо сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста тадбир меандешад».

Гуфта шуд, ки Кумитаи андоз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. То имрӯз Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон беш аз 40 намуд хизматрасонии электронӣ пешниҳод намудааст.

Хизматрасонии электронӣ шаффофият, фаврият ва сарфаи вақтро таъмин менамояд

Дар соҳаи андози мамлакат гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ, дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, азназаргузаронии ҳисобот, тартиб додани санади муқоисавӣ, ҳисобкунаки андоз, барномаи мобилии «Андози ман», пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ, тақвими андоз, тафтиши ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ, ба ҳисоб гирифтани воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷорӣ гардидаанд. Бо истифода аз чунин хизматрасонӣ кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон метавонанд вазифаю уҳдадориҳояшонро шаффоф, ба таври фаврӣ, дақиқ ва бе сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд.

Рақамикунонии соҳа роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд

Тадбирҳои андешида дар самти васеъ намудани истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва дар ин замина тақвияти раванди рақамикунонии соҳа барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкон доданд, ки иҷрои нишондиҳандаи қисми даромади буҷети давлатӣ соли 2023 ва дар чор моҳи соли 2024 барзиёд таъмин гардад. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи он мебошанд, ки сиёсати андозу буҷет дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дуруст муайян гардидааст.

Рушди соҳибкорӣ, такмили дониши иқтисодӣ ва ҳуқуқии соҳибкорон, таъмини пурра, сифатнок ва барзиёди қисми даромади буҷети давлатӣ, ки вобаста ба талаботи афзояндаи эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои таъминоти давлатӣ бо афзоиш муқаррар карда мешавад, тақозо менамояд, ки кормандони мақомоти андоз дониши касбияшонро пайваста такмил диҳанд. Инчунин бояд усулҳои замонавии корбариро дар асоси технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ истифода намуд, фаъолиятро дар асоси қонунгузорӣ бояд ба роҳ монд, дар доираи рушди рақамикунонии соҳа, истифодаи дуруст ва самараноки Низоми муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозҳо ва модулҳои компютериро ҳам аз ҷониби кормандони соҳаи андоз ва ҳам андозсупорандагон таъмин ва дар иҷрои уҳдадориҳои хизматию мансабӣ масъулияти бештарро бояд эҳсос намуд.

Сатҳи баланди хизматрасонӣ ба андозсупорандагон — вазифаи масъулиятноки корманди мақомоти андоз

«Кормандони мақомоти андози Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолият қарор дода, саъю талошашонро ба таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатӣ, ки ба рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд, равон менамоянд. Дар назди кормандони мақомоти андоз вазифаҳои масъулиятнок- иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», татбиқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025», дар маҷмуъ, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон гузошта шудаанд. Дар иртибот ба ин бояд корро самараноктар ба роҳ монем, то дар ҳама самтҳои фаъолият ба комёбиҳо муваффақ гардем», — гуфт Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди дипломатияи варзишӣ ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон аст
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»
Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд
Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд
Дар шаҳри Конибодом Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст